Ҳаҷми захираҳои байнулмилалии тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) то ба сатҳи 5,6 моҳи рӯйпӯш кардани воридот расонида шуд, ки беҳтарин нишондиҳанда дар таърихи бонк маҳсуб меёбад.

«Ҳаҷми захираҳои софи байналмилалӣ ва захираҳои умумии хориҷӣ нисбат ба аввали сол мувофиқан 2,4 ва 2,2 маротиба афзуда, нишондиҳандаи устувории сатҳи захираҳои умумии хориҷӣ дар ин давра аз 2,6 то ба 5,6 моҳи воридотӣ расонида шуд, ки чунин нишондиҳанда дар таърихи Бонки миллӣ аз нишондиҳандаҳои беҳтарин ба ҳисоб меравад», - қайд мешавад дар маълумоти БМТ дар ин робита.

Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта ҳаҷми моҳонаи воридоти Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 250 млн. долларро ташкил дода, тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда то ба 218 млн. доллар коҳиш ёфт.

Тибқи арзёбии коршиносони байнулмилалӣ, сатҳи ҳадди ақали имконпазир (раво)-и захираҳои байнулмилалии кишвар бояд ба се моҳ баробар бошад.

Дар Дурнамои сиёсати пулӣ-қарзии Тоҷикистон барои соли 2017 қайд мешавад, ки захираҳои умумии байнулмилалиро соли равон то сатҳи рӯйпӯш кардани ҳаҷми се моҳи воридот расонидан ба нақша гирифта шудааст.

Афзоиши ҳаҷми захираҳои байнулмилалиро БМТ тариқи идомаи харидории металлҳои қиматбаҳо ва асъори хориҷӣ дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ, гуногун кардани сохтори онҳо ва дигар тадбирҳо тарҳрезӣ карда буд.

Дар ҳамин ҳол, ҳамчунин беҳбуди идоракунии захираҳои байнулмилалии тиллову асъор тавассути истифодаи механизмҳои нав ва тарзу усулҳои таҷрибаи кори бонкҳои ҷаҳонӣ, бозбинии сиёсати баҳисобгирии муҳосибӣ мувофиқ дубора баҳогузории онҳо низ ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки аз лиҳози кифояти захираҳои байнулмилалӣ барои рӯйпӯш кардани воридот ва хизматгузориҳо Арабистони Саудӣ (31 моҳи воридот) дар ҷаҳон пешсаф аст. Захираҳои байнулмилалии Швейтсария ва Чин - мутаносибан 21 ва 20 моҳи рӯйпӯш крадани воридот ва Русия - 16 моҳро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.