Ӯзбекистон корҳои омодагии панҷ хати интиқоли барқро барои кори яквақта бо низоми энергетикии Тоҷикистон ба итмом расонид.
«Барқарор кардани кори яквақтаи низоми энергетикии Ӯзбекистону Тоҷикистон яке аз вазифаҳои асосии мо мебошад. То имрӯз 4 хати шиддатнокии 220 ва 1 хати шиддатнокии 500 кВ барои пайваст кардани низоми энергетикии кишварҳо ба кор тайёр шуда, барои пайваст омодаанд», - хабар додааст ба ВАО-и Ӯзбекистон сардори Раёсати рушди стратегии «Ӯзбекэнерго» Исо Саъдулоев.
Ба гуфтаи ӯ, лекин барои таъмини эътимоднокии кор ва пешгирии садамаҳо дар ин хатҳо бояд лоиҳаи ҳифзи пайвасту ҷудокунӣ (релйевӣ) ва автоматика таҳия шавад, ки ин кор ба дӯши Тоҷикистон вогузор шуда, дар ин самт Тоҷикистон аллакай бо «Росатом» ва «Энергосетпроект» гуфтушунид кардааст.
«Бо таҳияи лоиҳаи мазкур он дар зеристгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон амалӣ шуда, сипас низоми энергетикии кишварҳо мутавозин (дар як вақт) кор карда метавонанд», - иброз доштааст намояндаи «Ӯзбекэнерго».
Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки барои суръатбахшӣ ба таҳия ва амалисозии лоиҳа Ӯзбекистон ба баррасии дигар шаклҳои роҳандозии кори мутавозини низоми энергеткии кишварҳо низ омода аст.
Қаблан вазири энергетика ва захиарҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар ин робита изҳор намуда буд, ки дар ин самт аллакай баъзе корҳои мушаххас анҷом дода шуда, Тоҷикистон барои интиқоли барқ ба Ӯзбекистону Туркманистон ва Қазоқистон дар мавсими тобистон имкони техникӣ дорад.
«Агар ҳамсоякишварҳои мо дар мавсими тобистон барқи нисбатан арзон хариданӣ бошанд, бо хатҳои интиқоли барқи мавҷуда метавонанд ба низоми энергетикии мо пайваст шаванд, - гуфт вазир. - Мо тариқи ин хатҳо, ки солҳои тӯлонӣ истифода намешуданд, интиқоли барқро барқарор карда метавонем».
Усмонзода таъкид дошта буд, ки имкони пайвасти хатҳои барқи Тоҷикистон бо низоми энергетикии Ӯзбекистон пурра аз ҷониби мутахассисони ширкати «Барқи тоҷик» мавриди омӯзиш қарор гирифта, Тоҷикистон ба пайваст кардани хатҳои интиқоли барқ аз зеристгоҳи Регар то зеристгоҳ дар қаламрави Ӯзбекистон комилан омода аст.
Доир ба омодагии низоми энергетикии Тоҷикистон ба кор бо низоми кишвари ҳамсоя муовини раиси ширкати «Барқи тоҷик» Маҳмадумар Асозода низ изҳори назар карда, қайд карда буд, ки камбудиҳои хатҳои интиқоли барқ тариқи ин низом дар қаламрави ҷумҳурӣ бартараф ва хати интиқоли барқи 500 кВ аз зеристгоҳи Регар ва ҳамчунин чор хати 220 кВ дар шимоли ҷумҳурӣ, ки 2-тои онҳо ҳамеша зери шиддати назоратшаванда қарор доранд, ба кор бо низоми энергетикии Ӯзбекистон омодаанд.
Доир ба зарурати дубора барқарор кардани низоми ягонаи энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар Ӯзбекистону Қирғизистон изҳори назар шуда буд.
Даъватҳои кишварҳои ҷудогона ва созмонҳои байнулмилалӣ оид ба муттаҳид кардани иқтидорҳои электроэнергетикии кишварҳои минтақа аз соли 2014 садо медиҳанд. Он замон зикр гардида буд, ки Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи барқарор кардани низоми ягонаи энергетикиро бидуни иштироки Ӯзбекистон, ки аз ҳама бештар аз кори «ҳалқаи ягона» норозӣ буда, аз он хориҷ шуд, баррасӣ доранд, вале қабули қарори мушаххас дар ин самт муясар нашуд.
Ташаккули низоми минтақавии энергетикӣ бо шумули иқтидорҳои Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистони Ҷанубӣ ҳамчун Низоми муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ соли 1991 ба анҷом расида буд. Он аз 83 нерӯгоҳи барқӣ бо иқтидори умумии 25 ҳазор МВт иборат буд.