Дар рейтинги пешбурди тиҷорати маҷаллаи амрикоии Forbes миёни 153 кишвари саросари ҷаҳон Тоҷикистон дар зинаи 108-ум қарор дорад.
Қайд мешавад, ки соли гузашта Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон (ММД) 6,9% афзуда, шумори аҳолии кишвар - 8,5 млн нафар ва ММД ба ҳар як сари аҳолӣ 800 долларро ташкил додааст.
Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Қазоқистон зинаи 65-ум, Ӯзбекистон - 99-ум ва Қирғизистон мақоми 123-юмро касб кардаи Туркманистон дар рейтинг ҳузур надорад.
Давлатҳои беҳтарин барои пешбурди тиҷорат - Британияи Кабир, Зеландияи Нав ва Нидерланд дониста шуда, зинаҳои охирини рейтингро кишварҳои Гаити, Гамбия ва Чад ишғол кардаанд.
Дар рейтинги Forbes 153 кишвар аз рӯи 15 нишондиҳанда, аз қабили ҳуқуқ ба моликият, сатҳи ҷорисозии инноватсияҳо, сатҳи андозбандӣ, технология, мизони коррупсия, озодӣ (шахсӣ, тиҷоратӣ ва молиявӣ), расмиётчигӣ (бюрократизм), таъмини ҳимояи сармоягузорон ва ғайра баҳогузорӣ мешаванд.
Қобили зикр аст, ки дар рейтинги аввали моҳи ноябр интишоршудаи Бонки ҷаҳонӣ - Doing Business 2018 байни 190 кшвари дунё Тоҷикистон зинаи 128-умро ишғол намуд.
Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ зикр гардида буд, ки тайи соли охир дар Тоҷикистон дар мавриди сабук кардани расмиёти таъсиси корхонаҳо ва бақайдгирии моликият ислоҳот роҳандозӣ шуд, ки ба Тоҷикистон барои 5 зина боло рафтан дар ин рейтинг имкон дод.