Суди байнулмилалии ҳакамӣ даъвои ширкати фаронсавии Total ва Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (CNPC)-ро нисбати ширкати канадагии Tethys Petroleum асоснок шуморида, ин ширкатро ба пардохти 13,7 млн. доллар ба даъвогарон уҳдадор намуд.
Моҳи июли соли 2013 Tethys , Total ва CNPC дар бораи пешниҳоди ҳиссаи иштирок Шартнома ба имзо расонида, мутобиқи он ҳар кадоме аз тарафҳо ба сеяки ҳиссаи иштирок (33,335%) дар Созишномаи Бохтар оид ба тақсими маҳсулот соҳиб шуд.
Чанд рӯз пеш ширкати Tethys Petroleum маълумотеро дар сомонаи худ нашр намуд, ки дар он гуфта мешавад:
«Суди байнулмилалии ҳакамӣ эътироф намуд, ки корхонаи фаръии Tethys Petroleum дар Тоҷикистон («Кӯлоб Петролеум Лимитед») уҳдадориҳои молиявии худро назди шариконаш иҷро накарда, дар ин робита, суд ширкатро ба супурдани ҳиссаи худ дар Созишномаи Бохтар дар бораи тақсими маҳсулот ба шарикон, ҳамчунин пардохти ҷарима ба онҳо дар ҳаҷми 13,7 млн. доллар уҳдадор кард».
Ёдрас мекунем, ки соли 2016 ширкатҳои Total ва СNPS нисбати ширкати «Кӯлоб Петролеум Лимитед» (ширкати фаръии Tethys Petroleum) бо даъвои рӯёнидани 9 млн. доллари ИМА аз он бинобар сабаби иҷро накардани уҳдадориҳои молиаш (ҷамъи хароҷоти судӣ зимни мурофиа) ба Додгоҳи байналмилалии ҳакамӣ шикоят бурданд.
Tethys Petroleum Limited бо даъвои муқобили даъво алайҳи шарикони худ муроҷиат намуда, тақозо намудааст, ки аз онҳо ба нафъи худаш 10,1 млн. доллари ИМА рӯёнида шавад.
Ширкати Tethys Petroleum Limited аз соли 2008 дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Иҷозатнома аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба муддати 25 сол бо шартҳои мусоид дода шуда буд. Ахири моҳи июли соли 2012 раҳбарияти ширкат изҳор дошт, ки дар ҷараёни баргузории корҳои иктишофи геологӣ дар кони Бохтар «захираҳои хеле бузург»-и нафту газ дарёфт шуданд.
Коршиносони ширкат ин захираҳоро бидуни омили хавф 27,5 млрд. баррел нафт арзёбӣ карданд, ки 69%-аш ба газ ва 31%-аш ба нафт ва конденсати газӣ рост меояд. Пас аз ин изҳорот ба захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон ширкатҳои маъруфи ҷаҳон ба монанди CNPC ва Total таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Моҳи июли соли 2013 Tethys , Total ва CNPC дар бораи пешниҳоди ҳиссаи иштирок Шартнома ба имзо расонида, мутобиқи он ҳар кадоме аз тарафҳо ба сеяки ҳиссаи иштирок (33,335%) дар Созишномаи Бохтар оид ба тақсими маҳсулот соҳиб шуд.
Моҳи сентябри соли 2015 Total ва СNPS аз Tethys Petroleum Limited-и Канада талаб карданд, ки ки ширкати канадагӣ аз Созишномаи Бохтар оид ба фаъолияти муштарак хориҷ шавад. Сабаби ин талабро шарикон аз ҷониби Tethys Petroleum иҷро накардани уҳдадориҳо ва қарз аз рӯи лоиҳа унвон карданд.
Дар ҳамин ҳол, Tethys дар маълумоти охири худ таъкид карда буд, ки барои ҳимояи манфиатҳои худ дар лоиҳаи коркарди кони «Бохтар» аз тамоми имконоту талошҳои аз нигоҳи тиҷоратӣ қобили қабул истифода хоҳад кард.
Қаблан сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Хол дар мавриди ин масъала изҳор дошта буд, ки тӯли 7 соли кор аз рӯи лоиҳаи Бохтар ҳеҷ гуна натиҷаҳои муайяне ба даст оварда нашудааст.
Tcell подписал меморандум с Ilmhona и Re-skill
«Мы никому не рассылали СМС»: «Почтаи точик» предупреждает о мошенниках
В Узбекистане разрешили передавать вокзалы и железнодорожные составы в частные руки
ЕБРР запускает программу «Молодежь в бизнесе» в Таджикистане
«Мама читала, я запоминала». Как Фарахбахш, несмотря на слепоту, победила в конкурсе «Книга – мудрости зари сиянье»
Как Малика Джуракулова меняет мир и борется за права таджикских женщин
На дорогах Душанбе всё чаще замечают LiXiang L9: что за автомобиль покоряет столицу?
Google Pay с Mastercard от Алифа уже доступен: оплачивайте покупки телефоном бесконтактно
«Барки точик»: Если бы не модернизация, мы могли вообще остаться без электроэнергии
В ответ лишь длинные гудки. Как работают номера горячих линий служб по миграции в Таджикистане?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста