Шӯрои мудирони Бонки осиёгии рушд (БОР) грант дар ҳаҷми 90 млн. долларро барои маблағгузории иловагии барқарору азнавсозии 40 километр қитъаи роҳи Душанбе - Бохтар (Қӯрғонтеппа) маъқул шуморид.
«Нақлиёти автомобилӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон, афзоиши сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ нақши муҳим дорад, - иброз доштааст мутахассис оид ба нақлиёти Департаменти БОР дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Камел Бухмад. - Маблағгузории иловагӣ натанҳо ба бунёди долонҳои иқтисодӣ тариқи рушди нақлиёт кумак мекунад, балки имконоти кишварро дар таъмину нигоҳдории зербино низ тақвият мебахшад».
Марҳилаи аввали лоиҳа 33,2 километрро дар бар гирифта, дар натиҷаи амалӣ гаштани он, роҳ аз категорияи “III“-юм ба категорияи “1-Б” гузаронида мешавад ва паҳноии он аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, тибқи лоиҳа роҳ бо харҷи наздики 97 миллион доллар маблағҳои грантӣ ва қарзии Бонки Осиёии Рушд, Фонди ОПЕК ва беш аз 17 миллион доллар саҳми
Муҳлати сохтмон 3 сол муайян шуда, он бояд то моҳи октябри соли 2020 - ум мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ бунёд шавад.
Тибқи нақша дар рафти таҷдид ва азнавсозӣ сохтмони 4 пул, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ дар назар дошта шуда, он аз ду самти ҳаракат ба чор адад расонида мешавад. Ҳамчунин дар минтақаҳои аҳолинишин дар доираи лоиҳа чароғонкунии ду тарафи роҳ дар назар дошта шудааст.
Как советский "мусульманский" батальон в 1979 году свергал афганского президента Амина
Где она, самая высокая новогодняя ёлка в СНГ?
Эмомали Рахмон направил телеграмму соболезнования Ильхаму Алиеву
Пять причин посетить Узбекистан зимой
«Главное – внимание, но и IPhone16 – тоже хорошо». Что хотят получить на Новый год жители Душанбе?
Новый тренд у таджикских подростков – фотографироваться с ножами. Откуда он появился?
В Душанбе задержали подростка, подозреваемого в нанесения ножевого ранения другому юноше
Пассажирский самолет Azerbaijan Airlines потерпел крушение в Актау
Таджикистан отстает от других стран Евразии по взаимному инвестированию
Трое из четверых – бывшие заключенные. «Азия-Плюс» поговорила с родственниками подозреваемых в убийствах в Канибадаме
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста