Нарху тарифҳо дар бозори истеъмолии Тоҷикистон моҳи апрел 0,5 фоиз боло рафтанд, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта ба андозаи 0,7 фоиз кам аст.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), моҳи гузашта ба таварруми ҳосилшуда асосан қиматшавии нархи маҳсулотҳои хӯрокворӣ ба андозаи 0,9 фоиз (саҳм дар таваррум 0,5 фоиз) ва молҳои ғайрихӯрока 0,2 фоиз таъсир расонид.

Гуфта мешавад, ҳамзамон, коҳишёбии арзиши хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ низ дар моҳи мазкур ба андозаи 0,1 фоиз ба қайд гирифта шуд.

Қайд мешавад, ки таваррум асосан аз ҳисоби таъсири омилҳои мавсимӣ ба вуқӯъ пайваста, инчунинр нимаи дуюми моҳ афзоиши фишорҳои беруна ба қурби пули миллӣ нисбатан таъсири худро ба нархи молҳои воридотӣ расонид.

Дар Бонки миллӣ зикр мекунанд, ки моҳи апрел болоравии нархи себ, сабзӣ, тухм, карам, лимон, нок, гӯшти гов ва гази моеъ ба қайд гирифта шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз аввали сол нарху тарифҳо ба хизматгузории пулакӣ ба андозаи 0,2 фоиз кам шуданд.

Таъкид мешавад, ки таварруми солона (12 моҳи охир) раванди коҳишёбии худро идома дода, дар моҳи апрел ба 1,9 фоиз баробар гардид, ки ин нишондод нисбат ба моҳи қаблӣ ба андозаи 0,6 фоиз кам мебошад.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,7 фоизро ташкил дод. Соли равон нигоҳдории мизони таваррум дар сатҳи 7 фоиз ба нақша гирифта шудааст.

Давоми солҳои охир сатҳи нисбатан баланди таваррум соли 2011 ба қайд гирифта шуд, ки нарху тарифҳо ба андозаи 12,5% боло рафта буданд. Сатҳи нисбатан пастттари таваррум тӯли солҳои истиқлолият соли 2013 - 5,1 фоиз сабт шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.