Дар доираи сафари ҳайати соҳибкорон ва сармоягузорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон мулоқоти раиси Раёсати ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" Тоҷидин Пирзода бо раиси Гурӯҳи сармоягузории Саудӣ (Saudi Investment Group) Шайх Валид Аҳмад Муҳаммад Ад-Даҳаш Ат-Тувайҷирӣ доир гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», иштироки Гурӯҳи сармоягузории Саудӣ (Saudi Investment Group) дар ҳиссаи саҳмияҳои ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" мавзӯи аслии ин мулоқот буд.
«Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки то 51% саҳмияҳои ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" аз тарафи Гурӯҳи сармоягузории Саудӣ (Saudi Investment Group) харидорӣ мегардад, - омадааст дар маълумот. - Оид ба ин масъала байни тарафҳо шартномаи пешакӣ ба имзо расид».
Зикр мегардад, ки пас аз шурӯи давраи солимгардонии вазъи молиявии бонк ин аввалин тавофуқест, ки байни бонк ва шарикони хориҷӣ оид ба сармоягузорӣ дар чунин сатҳ ва ҳаҷм ҳосил мегардад ва он метавонад раванди солимгардонии вазъи молиявии бонкро суръати бештар бахшад.
Ёдрас мешавад, ки Шайх Валид Аҳмад Муҳаммад Ад-Даҳаш Ат-Тувайҷирӣ қаблан бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода мулоқотҳо анҷом дода, оид ба масъалаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон табодули назар намуд ва ба саволҳои худ посух гирифта буд.
Қобили зикр аст, ки яке аз бонкҳои низомсози Тоҷикистон - «Тоҷиксодиротбонк» аз аввали соли 2016 ба вазъи душвори молиявӣ дучор шуд.
Ба санаи 1 январи соли 2016 ҳаҷми дороиҳои «Тоҷиксодиротбонк» 530 млн. доллар арзёбӣ мешуданд, ки ҳамон замон тақрибан 20% аз ҳаҷми умумии дороиҳои бонкҳои Тоҷикистонро ташкил медод.
Аввали соли гузашта ҳукумти ҷумҳурӣ баҳри дастгирии молиявӣ ба «Тоҷиксодиротбонк» 2 млрд. 250 млн. сомонӣ ҷудо карда, баъди ин 85,9%-и саҳмияҳои ин бонк ба ихтиёри Вазорати молия гузаштанд.
То ин дам 58,89%-и саҳмияҳои «Тоҷиксодиротбонк» - ба ҶСП «Евразия», 11,65% - ба ҶДММ «Мелодиён», 10,99% - ба ҶДММ «Эҳсон», 7,38% - ба ҶДММ «Медиа Плюс» ва 1,11% - ба ҶДММ «Восток» тааллуқ доштанд.
Дастгирии давлатӣ ба муҳлати 5 сол пешбинӣ шуда, имсол бонк бояд 5%, соли оянда - 20% ва солҳои минбаъда - 25 фоизӣ ин воситаҳоро баргардонад. Ин дастгирӣ 60%-и уҳдадориҳои умумии бонкро рӯйпӯш мекунад, боқимонда - 40 фоизро бонк бояд аз ҳисоби баргардонидани қарзҳо, фурӯши амвол ва ҷалби сармояи иловагӣ рӯйпӯш кунад.
Моҳи ноябри соли гузашта муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев таъкид дошта буд, ки аз оғози соли гузашта ҳаҷми уҳдадориҳои бонки мазкур назди мизоҷон беш аз 2,2 млрд. - аз қариб 3,9 млрд. сомонӣ то 1,6 млрд сомонӣ кам шудааст.
Рӯйхати дороиҳои «Тоҷиксодиротбонк» аз 52 иншоот, аз ҷумла бинои Сарбонк ва 43 бинои филиалҳои бонк дар кишвар, ҶСП «Душанбе Молл» (гипермаркет «Ашан»), меҳмонхонаи «Тоҷикистон» дар Душанбе, 8 блоки манзили нуҳошёна дар ноҳияи Данғара, корхонаҳои ресандагӣ дар ноҳияҳои Данғара ва Фархор, корхонаҳои коркарди нахи пахта дар вилояти Хатлон ва ҳамчунин корхонаи таъмири автомобилҳо иборат аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
От "Связи" до "Дусти": Как менялась главная площадь Душанбе?
Что будет, если в Землю врежется небольшой астероид?
Таджикская девушка-боец: Как Фотима Холова остается сильной
Какие достопримечательности можно посмотреть в Иране?
Google сам себе разрешил использовать ИИ для создания оружия и технологий слежки
Чемпионат Таджикистана – третий снизу в рейтинге лиг стран бывшего СССР
Президент США заявил о "неслыханном уровне коррупции" в USAID и потребовал его закрыть
Эмомали Рахмон подписал указ о повышении зарплат, пенсий и стипендий
Как изменились ставки земельного налога в Таджикистане?
Трамп допустил вероятность встречи с Зеленским на следующей неделе
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста