Имрӯз сарони кишварҳои Тоҷикистону Беларус Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар шаҳри Ҳисор марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Агротехсервис»-ро, ки дар он асосан васлу насби трактор ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ анҷом дода мешавад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин корхона солона 620 трактори гуногунтамға ва дигар таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ васлу насб карда мешаванд ва бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи дуюми он, ки моҳи сентябри соли 2018 ба нақша гирифта шудааст, ин нишондод ба 1700 адад хоҳад расид. Ҳамзамон дар марҳилаи баъдӣ истеҳсоли солонаи ядак (прицеп) ва дигар таҷҳизоти кишоварзӣ 2600 ададро ташкил дода, шумораи ҷойҳои корӣ низ зиёд мегардад.

1/5

Гуфта мешавад, айни замон дар ҶСП «Агротехсервис» беш аз 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Ҳамзамон дар ин корхона барои омода намудани мутахассисони соҳа аз ҷониби мутахассисони бузургтарин ширкатҳои истеҳсоли тарактор ва дигар таҷҳизоти кишоварзӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ба роҳ монда шудааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Беларус Александр Лукашенко бо рафти васлу насби тракторҳо шинос шуда, санҷиши техникии аввалин тракторҳои дар ин корхонаи муштарак истеҳсолшударо назорат намуданд.

Мутахассисон мегӯянд, мутобиқати тракторҳо дар шароити Тоҷикистон омӯхта шудааст ва истифодаи онҳо дар корҳои кишоварзӣ хеле мувофиқ мебошад.   

Иттилоъ дода шуд, ки барои истеҳсоли таҷҳизоти тракторҳои «Беларус- 80.1», «Беларус-82.1», «Беларус-952» ва васлу насби ядак (прицеп) ва механизмҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ истифода мешаванд, байни ширкатҳои «Агротехсервис», корхонаи «Заводи трактрбарории Минск» ва ширкати «Бобруйскагромаш» шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Шарикони ҳамкор аз Беларус шароиту имконоти фароҳамгардидаро дар самти соҳибкориву сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба манфиати кор дониста, дар оянда барои васеъ намудани фаъолияи корхонаи мазкур корҳои назаррасро анҷом медиҳанд.

Ба таъкиди муассисон дар оянда аз ин корхона трактор ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот карда мешавад, ки анҷоми ин амал низ дар афзоиш ёфтани истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақши калидӣ хоҳад дошт.