Дар маҷлиси навбатии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон санаи 15 июни соли равон масъалаи афзоиши ҳаҷми сармояи оинномавии Ҷамъият баррасӣ мешавад.

Ҳаҷми сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқии обии Роғун» айни замон 14 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Ахиран ҳаҷми сармояи оинномавии ҶСК «НБО Роғун» моҳи майи соли 2015 дар маҷлиси навбатии саҳҳомони Ҷамъият зиёд шуда буд. То ин дам моҳи феврали соли 2014 зимни маҷлиси ғаййринавбатии умумии саҳҳомони Ҷамъият ҳаҷми сармояи оинномавӣ аз 6 млрд. то 12 млрд. сомонӣ зиёд шуда буд.

Дар маҷлис ҳамчунин масъалаҳои ворид намудани тағйироту илова ба Оинномаи ҶСК «НБО Роғун», Оинномаи маъмурияти истифодаи ҶСК «НБО Роғун» низ баррасӣ шуда, ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявӣ дар соли 2017, хулосаи аудитори ҶСК «НБО Роғун» барои соли 2017 ва ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявии ҶСК «НБО Роғун» дар соли 2017 низ шунида мешаванд.

Дар маҷлис ҳайати нави Шӯрои нозирон, Комиссияи тафтишотӣ ва Комиссияи ҳисоби Ҷамъият интихоб карда мешаванд. Айни замон ба ҳайати Шӯрои нозирони Ҷамъият 13 нафар шомил буда, онро нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода роҳбарӣ мекунад.

Дар фарҷоми маҷлис саҳҳомони Ҷамъият қарори баргузории санҷиш (аудит)-и Ҷамъият дар соли 2018 ва ҳаҷми маблағи пардохти хизматгузориҳои аудиторро тасдиқ мекунанд.

Моҳи январи соли 2010 дар Тоҷикистон маъракаи фурӯши саҳмия ва сертификатҳои ҶСК «НБО «Роғун» оғоз гардид. Ҳамагӣ ба маблағи 6 млрд. сомонӣ (наздики 1,37 млрд. $) саҳмияҳои арзишашон 100, 500, 1000 ва 5000 сомонӣ нашр шуданд. Маблағи умумии ба суратҳисоби «НБО Роғун» воридшуда аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои онҳо 830 млн. сомонӣ (188,5 млн. $)-ро ташкил дод.

Шумори дорандагони саҳмияҳои номӣ бо арзиши 5000 сомонӣ ба 22 ҳазор нафар мерасад. Тибқи маълумоти пешакӣ, шумори дорандагони саҳмияҳои оддӣ ҳудуди 2 млн. нафарро ташкил медиҳад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун 16 ноябри соли равон ва агрегати дуюм баҳори соли 2019 дар назар аст. Дар ин бора санаи 1 феврал роҳбари ширкати итолиёвии Salini Impregilo Пиетро Салини ба Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо Сарвари давлат итминон дод. Ширкати мазкур аз моҳи октябри соли 2016 ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун машғул аст.

Барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун тибқи маълумоти пешакӣ, дар маҷмӯъ наздики 4 млрд. сомонӣ маблағ зарур аст. Дар нерӯгоҳ насби 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст.

Сарбанди 335 метр гиливу хокии нерӯгоҳ баландтарин чунин сарбанд дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин иншоот ҳамасола 17 млрд. кВт/соат нерӯи барқи истеҳсол мекунад, ки дар муқоиса бо иқтидори нерӯгоҳи Норак якуним баробар зиёдтар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.