Даҳсолаи наздик дар Тоҷикистон даст кашидан аз истеҳсоли ашёи хому маҳсулоти нимтайёр ва гузариш ба давраи мукаммали истеҳсолот ба нақша гирифта шудааст. Ин нукта дар Стратегияи рушди саноати ҶТ дар давраи то соли 2030 зикр мегардад.
Лоиҳаи нави Стратегияи мазкурро охири моҳи март ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ ва ҳафтаи гузашта палатаи поёнии парлумон онро маъқул шуморид.
Ҳадафҳои асосии Стратегия «барҳам додани мақоми корхонаҳо ба сифати истеҳсолкунандаи ашёи хом ва масолеҳи нимтайёр» ва «гузаштан ба давраи мукаммали истеҳсолот (истеҳсоли маҳсулоти барои содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда) унвон шудааст.
Дар санад зикр мегардад, ки саноати Тоҷикистон ба сифати содироткунандаи консентрати металлҳо, ашёи хом ва маҳсулоти нимтайёри саноати бофандагӣ ва дӯзандагӣ ва консервахои гуногуни сабзавоту мева амал мекунад.
«Барои аз ҷониби ин соҳаҳо истеҳсол шудани маҳсулоти тайёри ҷавобгӯ ба талаботи бозор, зарурати навсозии истеҳсолот ба миён омад, ки аз соҳибкорон харҷи зиёд тақозо мекунад. Аммо воситаҳои молиявии соҳибкорони ватанӣ барои анҷоми ин кор кофӣ набуд ва ҳаллу фасли ин масъала танҳо бо роҳи ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, таъмини ҳавасмандии онҳо ва ҷолибияти саноат имкон дошт», - қайд мешавад дар Стратегия.
Иҷрои бандҳои санад дар навбати аввал аз ҳисоби маблағгузории шарикон оид ба сармоягузорӣ ва рушд пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин барои гузариш ба силсилаи мукаммали истеҳсолот истифодаи воситаҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ ва қарзҳои дарозмуҳлат бо фоизҳои паст ва ғайра низ дар назар аст.
Яке аз ҳадафҳои асосии Стратегия афзоиши ҳиссаи саноат дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) зикр шудааст, ки соли 2030 то ба 25% расонидани он ба нақша гирифта шудааст. Соли 2017 ҳиссаи саноат дар ММД бо шумули энергетика 17%-ро ташкил дод.
Ба аввали соли 2018 дар ҷумҳурӣ фаъолияти 1942 корхонаи саноатӣ ба қайд гиифта шудааст, ки беш аз 90 ҳазор шаҳрвандони кишварро бо кор таъмин мекунанд.
Дар сохтори ҳозираи саноат 34,4% - ба ҳиссаи истихроҷи канданиҳои фоиданок, 26,9% - ба саноати хӯрокворӣ, наздики 15,9% - ба саноати сабук, 13,7% - ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон, 7,6% - ба саноати мошинсозӣ, коркарди металлҳо ва кимиё ва 1,6% - ба саноати истихроҷи ангишт рост меояд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
7 причин детской лжи и как с ними бороться
Глава МИД Казахстана: «Таджикистан – наш стратегический партнёр и союзник в Центральной Азии»
В Таджикистане сняли документальный фильм «Рождение инноваций»
ОАО «Коммерцбанк Таджикистана» выпустил первые карты VISA Platinum и VISA Gold
Долг ТАЛКО вырос почти на 220 миллионов сомони
Ирина Винер ушла с поста главного тренера сборной РФ по художественной гимнастике
Парламент Армении одобрил начало процесса вступления в ЕС
«Азия-Плюс» начала применять технологии ИИ при создании медиаконтента
Размер утилизационного сбора может быть пересмотрен – Таможенная служба Таджикистана
Как таджикская легенда развивает футбольный клуб из Пенджикента
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста