Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 9 июни соли ҷорӣ меъёрҳои андози аксизӣ ба молҳои ҷудогона боло рафтанд.

Ҳукумати Тоҷикистон меъёрҳои андози аксизӣ ба баъзе молҳои дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва аз хориҷи кишвар воридмешударо тасдиқ намуд.

Мувофиқи қарори нав, меъёри аксиз ба оби ҷав (пиво) аз 0,10 то 0,35 евро барои 1 литр, май (вино) - аз 0,25 то 0,84 евро барои 1 литр, спирти этилӣ (100%) - аз 2,5 евро то 4,1 евро барои 1 литр боло рафт.

Меъёрҳои аксиз барои маснӯоти тамоку нисбатан бештар афзуданд: сигарҳо - аз 0,80 евро то 8,5 евро барои 1000 дона, сигарет - аз 1 евро то 9,8 евро барои 1000 дона.

Ёдрас мекунем, ки марҳила ба марҳила болоравии андози аксизӣ ба маснӯоти тамоку ҳанӯз аз соли гузашта байни намояндагони бахши хусусӣ ва мақомоти давлатӣ баррасӣ мешавад. Намояндагони ҳукумат изҳор дошта буданд, ки то ҳол дар Тоҷикистон меъёрҳои пасттарини андози аксизӣ барои маснӯоти тамоку амал мекунанд.

Масалан, барои сигарети филтрдор - 1 евро барои 1000 дона ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар Қирғизистон ин меъёр 7 евро барои 1000 донаро ташкил медиҳад.

Дар ин робита ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки меъёрҳои андози аксизӣ ба маснӯоти тамоку ба меъёрҳои мавриди истифода қарордошта дар кишварҳои ҳамсоя мутобиқ гардонида шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.