Моҳи гузашта сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 0,5 фоизро ташкил дод. Ҳамин тариқ, нимаи аввали соли равон нарху тарифҳо дар ҷумҳурӣ ба андозаи 0,8 фоиз боло рафтанд.
Дар шарҳи мухтасар Бонки миллии Тоҷикистон дар маълумоти худ қайд мекунад, ки моҳи июни соли ҷорӣ сатҳи таваррум ба 0,5 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта ба андозаи 0,1 банди фоизӣ кам мебошад.
Таъкид мешавад, ки ба сатҳи таваррум дар ин моҳ асосан афзоиши нархи молҳои ғайрихӯрокворӣ - 1,7 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 2,1 фоиз таъсир расонида, ҳамзамон, коҳишёбии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 0,5 фоиз ба қайд гирифта шуд.
Гуфта мешавад, дар сохтори молҳои ғайрихӯрокворӣ дар моҳи баррасишаванда бештар афзоиши нархи гази моеъ ба андозаи 33,0 фоиз ба қайд гирифта шуд, ки ба ин коҳишёбии воридот ва дар ин замина боло рафтани нархи он дар кишвар сабаб гардид.
«Тибқи маълумоти омори гумрукӣ, танҳо дар моҳи июни соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 27,8 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба моҳи гузашта (моҳи майи соли равон) ба андозаи 22,1 фоиз (7,9 ҳазор тонна) кам мебошад», - омадааст дар маълумоти Бонки миллӣ.
Сатҳи нисбатан начандон баланди таврррум дар Тоҷикистон нимсолаи аввали соли равон ба он марбут аст, ки моҳҳои январ ва феврали соли равон дар бозори истеъмолии Тоҷикистон коҳиши нарху тарифҳо ба қайд гирифта шуд.
Ҷараёни думоҳаи коҳиши нарху тарифҳои хизматгузорӣ моҳи апрел ба итмом расида, ин моҳ мизони таваррум ба 0,5% баробар шуд. Моҳи майи ҳамин сол сатҳи таваррум 0,6 фоизро ташкил дод.
Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,7 фоизро ташкил дод. Соли равон нигоҳдории мизони таваррум дар сатҳи 7 фоиз ба нақша гирифта шудааст.
Давоми солҳои охир сатҳи нисбатан баланди таваррум соли 2011 ба қайд гирифта шуд, ки нарху тарифҳо ба андозаи 12,5% боло рафта буданд. Сатҳи нисбатан пастттари таваррум тӯли солҳои истиқлолият соли 2013 - 5,1 фоиз сабт шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Кем был редактор самой массовой газеты в истории Таджикистана?
Казахстан помог Таджикистану мазутом и продуктами питания
Как десять Пентагонов. Китай построит крупнейший в мире подземный военный комплекс
Гражданам Таджикистана разрешили пересекать российско-белорусскую границу наземным транспортом
Пятерка производителей электроэнергии Таджикистана. Кто сколько выработал в 2024 году?
Воздух в Таджикистане стал чище? Так утверждают в руководстве Госкомприроды
Доктор Косимзода: «Проказы в Таджикистане нет, но мы должны быть начеку»
Имамы в Кыргызстане разрешили Минздраву пересаживать органы трупов
TIKA реализовало проект по обучению компьютерной грамотности сотрудников пенитенциарной системы Таджикистана
Чтобы отблагодарить и приучить к чистоте: в Душанбе завершилась экологическая кампания #OzmuniSabz2024
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста