Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода дар ин робита итминон дод, ки соли оянда сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори «Исмоили Сомонӣ» дар пойтахт комилан ба анҷом мерасад.
«Васлу насби сохтори бино пурра ба анҷом расида, танҳо корҳои дохилии андова ва пардозу ороиш боқӣ мондааст», - иброз дошт раиси Кумита ва таъкид намуд, ки бино аз ташхиси давлатӣ гузаштааст.
Зимнан таъкид шуд, ки ҳамаи масолеҳи сохтмоне, ки дар бунёди ин иншоот истифода мешаванд, ба меъёрҳои қабулшудаи сифат мутобиқанд.
Ба сохтмони меҳмонхонаи мазкур ширкати «Исмоили Сомонӣ - асри 21» машғул аст, ки Раҳматулло Саъдуллоев, бародари раиси «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода ба он роҳбарӣ мекунад.
Маросими оғози сохтмони меҳмонхона 15 марти соли 2016 бо иштироки Президенти Тоҷикистон доир гардида буд. Он замон буҷети умумии сохтмони иншоот 30 млн. доллар арзёбӣ шуда буд.
Майдони сохтмони меҳмонхона 1,5 гектарро ташкил дода, дар хиёбони Рӯдакӣ воқеъ аст. Меҳмонхона аз 350 ҳуҷра бо майдони умумии 20 ҳазор метри мураббаъ иборат аст.
Зимни суханронӣ дар маросими оғози сохтмони меҳмонхона Президенти Тоҷикистон изҳори итминон карда буд, ки корҳои сохтмон дар муҳлатҳои муқарраршуда муддати 1,5 сол пурра ба итмом расонида мешаванд.
Ӯ ҳамчунин зикр карда буд, ки дар ҷараёни сохтмони меҳмонхона 700 ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, баъди анҷоми сохтмони он 650 нафар, асосан занон ва духтарон бо ҷойҳои корӣ таъмин мешаванд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Евросоюз принял 15-й пакет санкций против России
Таджикский спортсмен стал абсолютным чемпионом турнира «Золотой заяц»
"Когда государство попадает в руки террористов, любая должность теряет смысл". Заявление Асада из Москвы
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 17 декабря 2024 года
Идеальная фигура к Новому году — как похудеть за 14 дней
Сухроб Касымов: "Я жалею, что воевал против своих…"
Стихия с начала года унесла жизни 17 таджикистанцев
Минтруд России назвал самые высокие зарплаты мигрантов
В Таджикистане создали приложение, которое поможет туристам исследовать страну
Нуреку - городу солнца и света сегодня 64. Фотолетопись нашей истории
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста