Санади ниҳоӣ оид ба маблағгузорӣ барои тиҷорат рӯзҳои наздик ба имзо мерасад, - хабар дод зимни нишасти хабарии рӯзи 24 июл дар Душанбе раиси БДА “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода.
Ба гуфтаи ӯ, ба воридкунандагони молу маҳсулоти Ӯзбекистон тавассути “Амонатбонк” беш аз 33 млн. доллар қарз ҷудо мешавад.
Ҳакимзода қайд кард, ки баъди ба имзо расидани санад воридкунандагони тоҷикистонии молу маҳсулот аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба маблағи то 1 млн. доллар қарз дастрас карда метавонанд.
Механизми пешниҳоди қарз тариқи зайл аст: бонки Ӯзбекистон ба истеҳсолкунандагони кишвараш воситаҳои пулӣ медиҳад, ки аз ҳисоби он ширкат ё шахсони воридкунанда аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маҳсулот мегиранд. Дар ин ҷараён “Амонатбонк” ба сифати кафил иштирок мекунад, яъне ба ширкатҳои тоҷикистонӣ мактуби кафолатнок медиҳад, ки ба воситаи он онҳо аз Ӯзбекистон маҳсулот дастрас мекунанд. Минбаъд ширкатҳои тоҷикистонӣ қарзро (бо сомонӣ) ба “Амонатбонк” пардохт мекунанд, ки дар навбати худ воситаҳоро ба асъор мубодила карда, онро ба бонки Ӯзбекистон бармегардонад.
Раиси “Амонатбонк” таъкид намуд, ки қарзҳои Ӯзбекистон ба муҳлати аз 1 то 3 сол дода мешаванд, яъне барои молу маҳслуот - ба муддати 1 сол ва барои таҷҳизот – то 3 сол.
“Агар муҳлати қарз 1 сол бошад, меъёри фоиз ба он 8%-и солона ва беш аз 1 сол – 9%-и солонаро ташкил медиҳад”, - шарҳ дод ӯ ва илова намуд, ки аз рӯи ҳар як қарордоди ҷудогона метавон то 1 млн. доллар қарз гирифт.
Зимнан зикр гардид, ки аллакай аз 12 ширкатҳои тоҷикистонӣ ҷиҳати дастрас кардани қарзҳои Ӯзбекистон ба “Амонатбонк” дархост пешниҳод шуда, маблағи умумии бастаи дархостҳо айни замон 19,9 млн. долларро ташкил медиҳад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.