Дар сомонаи ҶСК “НБО Роғун” лавҳаи ҳисоби соату рӯз то мавриди истифода қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳ гузошта шудааст.

Қаблан зимни вохӯрӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати итолиёвии Salini Impregilo Пиетро Салини, ки аз тирамоҳи соли 2016 ба сохтмони нерӯгоҳ машғул аст, итминон дод, ки 16 ноябри соли 2018 агрегати аввали нерӯгоҳ ба истифода дода мешавад.

Ҷараёни сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” таҳти назорати шахсии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар марҳилаи аввали баъди ба истифода додан, иқтидори агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун 100 МВт-ро ташкил хоҳад дод. Истеҳсоли солонаи нерӯи барқ бо чунин иқтидор тақрибан 350 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад. Моҳи апрели соли оянда ба истифода додани агрегати №5 дар назар аст.

Барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун тибқи маълумоти пешакӣ, дар маҷмӯъ наздики 4 млрд. сомонӣ маблағ зарур аст. Дар нерӯгоҳ насби 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст, ки бузургитарин дар минақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Сарбанди 335 метр гиливу хокии нерӯгоҳ баландтарин чунин сарбанд дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин иншоот ҳамасола 17 млрд. кВт/соат нерӯи барқи истеҳсол мекунад, ки дар муқоиса бо иқтидори нерӯгоҳи Норак якуним баробар зиёдтар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.