Ба қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2018” палатаи поёнии парлумон имрӯз дар ин хусус тағйироту иловаҳои дахлдор ворид намуд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода қайд кард, ки то охири сол ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун 749 млн. сомонии иловагӣ маблағ ҷудо мешавад.

Соли равон аз буҷети давлатӣ ҷудо гардидани 2 млрд. сомонӣ маблағ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун пешбинӣ шуда буд.

Вазир шарҳ дод, ки воситаҳои иловагӣ барои бунёди нерӯгоҳи Роғун аз ҳисоби фурӯши сангҳои қиматбаҳо ва металлҳо ҷудо карда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки айни замон наздики 190 млн. доллар дар ихтиёри ҳукумат қарор дорад, ки як сол пеш аз ҳисоби фурӯши коғазҳои иматнок (еврбондҳо) дар бозорҳои байнулмилалӣ ба даст омада буд.

Вазири молия аз эҳтимол дур намедонад, ки қисмате аз ин воситаҳо то охири сол ва қисмати боқимонда соли оянда ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун фиристода шаванд.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон аз фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байнулмилалӣ 500 млн. доллар маблағ ба даст овард. Ҳудуди 310 млн. доллар аз ин маблағ аллакай дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун истифода шудааст.

Соли гузашта аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун 4 млрд. 700 млн. сомонӣ маблағ харҷ шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.