Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” ҷиҳати қарздиҳӣ ба таҳвили молу маҳсулоти Ӯзбекистон беш аз 10 дархост гирифт, хабар доданд ба “Азия-Плюс” дар бонки мазкур.
Ин қарзҳо дар доираи созишномаи баимзорасида байни “Амонатбонк” ва Бонки миллии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ӯзбекистон дар бораи маблағгузорӣ ба тиҷорат дода мешаванд.
Дар ин ҳолат “Амонатбонк” ба сифати кафил иштирок мекунад, яъне ба ширкатҳои тоҷикистонӣ мактуби кафолатнок медиҳад, ки тариқи он ширкатҳо метавонанд аз Ӯзбекистон молу маҳсулот гиранд.
Минбаъд ширкатҳои тоҷикистонӣ қарзро (бо сомонӣ) ба “Амонатбонк” пардохт мекунанд, ки дар навбати худ воситаҳоро ба асъор мубодила карда, онро ба бонки Ӯзбекистон бармегардонад.
“Дар доираи Созишномаи қарз ба маблағгузории тиҷорат бонк доир ба воридоти металлопрокат, нуриҳои минералӣ, зироати ғалладона, панҷараҳои пластикӣ ва дигар маҳсулот дар маҷмӯъ беш аз 10 дархост гирифта, баъзе дархостҳо бинобар сабаби доштани таърихи манфии қарзгирӣ, пардохтнопазир будани муштариён ва мутобиқ набудан ба меъёрҳои созишнома рад карда шуданд”, - гуфтанд дар Амонатбонк.
Қаблан раиси “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода ба журналистон хабар дода буд, ки дар доираи созишномаи баимзорасида бо бонки Ӯзбекистон, ба интиқолдиҳандагони молу маҳсулоти Ӯзбекистон дар маҷмӯъ ҷудо кардани 33 млн. доллар пешбинӣ мешавад.
Ӯ қайд кард, ки баъди ба имзо расидани санад ширкатҳои воридкунандаи молу маҳсулот ба Тоҷикистон, ки ба интиқоли маҳсулоти Ӯзбекистон хоҳиш доранд, метавонанд то 1 млн. доллар қарз гиранд.
Зимнан зикр гардида буд, ки қарзҳои Ӯзбекистон ба муҳлати аз 1 то 3 сол дода мешаванд, яъне барои молу маҳсулоти ниёзи мардум - ба муддати 1 сол ва барои таҷҳизот – то 3 сол. Агар муҳлати қарз 1 сол бошад, меъёри фоиз ба он 8%-и солона ва беш аз 1 сол – 9%-и солонаро ташкил медиҳад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.