Роҳбари Маркази таҳқиқоти ҳамгиройии Бонки аврусоиёии рушд (БАОР) Андрей Петросян бар ин назар аст, ки узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) барои Тоҷикистон самараи хуб хоҳад дод.
“Афзалияти асосии узвият ба Иттиҳод барои Тоҷикистон, ки базудӣ самар медиҳад, бозори ягонаи кори ИИАО мебошад. Муҳоҷирони тоҷик ба бозори умумии меҳнат пайваста, ҳаҷми интиқоли пул дубора меафзояд. Музди меҳнати муҳоҷирони тоҷик қисман ба маоши шаҳрвандони Русия ва Қазоқистон наздик мешавад”, - изҳор доштааст Петросян санаи 22 ноябр дар Конфронси байнулмилалии “Ҳамгиройии иқтисодии авруосиёӣ” дар шаҳри Маскав.
Тибқи арзёбии БАОР, баъди узвияти Тоҷикистон ба ИИАО музди меҳнати муҳоҷирони кории тоҷик аз 9 то 28% ва ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби онҳо – 15-25%-ро ташкил хоҳад дод.
Петросня қайд кардааст, ки дар мавриди узвият ба Иттиҳод Тоҷикистон масъаларо ҳамаҷониба бо тамоми ҷузъиёташ мавриди омӯзиш қарор дода, аз ягон ҷониб фишор вуҷуд надорад.
“Дарки паҳлӯҳои манфӣ ва мусбати ин амал ва фаъолияти иштирокчии имконпазири нав, ҳамчунин гуфтушуниду қарордодҳо оид ба марҳилаи гузариш зарур аст”, - иброз доштааст ӯ.
Намояндаи БАОР таъкид доштааст, ки ҷараёни баррасии масъалаи узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳод аз соли 2015 идома дошта, баъди фаъолияти кофии гурӯҳи корӣ назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, тирамоҳи соли 2016 масъала ба баррасии ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст.
Петросян узвияти Ӯзбекистонро низ ба Иттиҳод аз лиҳози манфиатҳои геополитикиии кишварҳои паҳнои Авруосиёи мувофиқи мақсад ва мантиқӣ унвон кардааст.
“Ҷалби Ӯзбекистон ба паҳнои ҳамгиройии ИИАО бо тавсеъаи имконоти истифодаи меҳнат ва сармоя ба минтақа ҷиҳати фаъолияти беҳтар пурсамар дар бозори беруна имкон фароҳам меоварад. Дар ин ҳолат бамаврид аст, ки бигӯем: ҳаҷм муҳим аст”, - илова кардааст намояндаи Бонки авруосиёии рушд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Как в условиях Таджикистана питаться правильно, чтобы не нагружать организм. И чтобы было недорого
Войны, преследования, переселения. Как формировалась армянская диаспора Центральной Азии
R.I.P. Кого из выдающихся людей потерял Таджикистан в 2024 году
ТОП-15 самых читаемых новостей «Азия-Плюс» за 2024 год
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 5 января 2025 года
ТОП-10 самых просматриваемых видео «Азия-Плюс» за 2024 год
А будет ли оливье, елки и снег? Медиа Kit рассказывает, как мы будем отмечать Новый год в 2050-м
ООН: 115 тысяч сирийских беженцев вернулись на родину после падения режима Асада
Какие фильмы выйдут в прокат в 2025 году?
Боксер-профи из Таджикистана проведет первый бой в новом дивизионе
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста