Меъёри умумии андоз дар Тоҷикистон 67,3%-ро ташкил медиҳад, ки вазни қиёсии андоз ва ҳақмузд дар фоидаи корхнаҳо мебошад. Ин беш аз ду маротиба зиёдтар аз нишондиҳандаи сатҳи миёна дар кишварҳои Осиёи Маркази ва Аврупои Шарқӣ (32,8%) мебошад, гуфта мешавад дар рейтинги Paying Taxes-2019.
Барои муқоиса бо ҳамсоякишварҳо: сарбории андоз дар Қирғизистон ба 29%, Қазоқистон – 29,4%, Ӯзбекистон – 32,1% ва Русия – 46,3% баробар аст.
Муаллифони гузориш сарбории андози зиёдтар аз Тоҷикистонро боз танҳо дар 8 кишвари ҷаҳон қайд кардаанд: Ҷазираҳои Комор – 219,6%, Аргентина – 106%, Эритрея – 83,7%, Боливия – 83,7%, Гвинеяи Экваториалӣ – 79,4%, Ҷумҳурии Марказии Африқоӣ – 73,3%, Колумбия - 71,9% ва Афғонистон – 71,4%.
Маблағи аз ҳама камтарин аз андозро ширкатҳои Бруней (8%) Вануату (8,5%), Гурҷистон (9,9%), Қатар (11,3%), Кувайт ва Македония (15%-ӣ) пардохт мекунанд.
Дар рейтинг зикр мегардад, ки корхонаҳои Тоҷикистон барои омода намудани ҳисобот дар бораи пардохти андоз ҳамасола ба ҳисоби миёна 224 соат вақт (беш аз 9 шабонарӯз) сарф мекунанд. Пардохтҳои андозии муҳим дар кишвар 6-тоанд.
Муддати аллакай 14 сол аст, ки таҳқиқоти Paying Taxes-ро ширкати аудитории PricewaterhouseCoopers дар ҳамдастӣ бо Бонки ҷаҳонӣ мегузаронад.
Коршиносон қонунгузорӣ дар бораи андоз ва таҷрибаи амали онро дар 190 кишвари саросари дунё ба риштаи таҳлил мекашанд. Нишондиҳандаҳо барои муқоиса инҳоанд: меъёри умумии андоз, вақти зарурӣ барои риояи талабот, шумори пардохтҳо.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.
Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.