Дар доираи нақшаи инфиродии бозсозии сохтор тақсими “Барқи тоҷик” ба се ширкати мустақил – тавлидкунанда, интиқолдиҳанда ва тақсимкунанда идома дорад, хабар дод вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарии рӯзи 28 январ дар Душанбе.
“Айни замон лоиҳаи қарор мавриди баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор дошта, баъди маъқул донистан он барои имзо ба ҳукумат пешниҳод мегардад”, - гуфт вай.
Ӯ таъкид дошт, ки ҷараёни бозсозии сохтори ширкат дар марҳилаи хотимавӣ қарор дошта, имсол ба анҷом мерасад.
Қобили зикр аст, ки ҷараёни таҷдиди сохтори ширкати “Барқи тоҷик” ҳанӯз соли 2012 шурӯъ шуда, моҳи майи соли гузашта ҳукумат бо қарори худ дастур дода буд, ки тавассути азнавташкилдиҳии сохтори идоракунии «Барқи тоҷик» дар заминаи он Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» таъсис дода шавад.
Дар ҳамин ҳол, қарзи умумии ширкати “Барқи тоҷик” ба ҳолати аввали соли ҷорӣ ба 22,9 млрд. сомонӣ (зиёда аз 2,4 млрд. доллар) расидааст.
Усмонзода қайд кард, ки соли гузашта бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон ҳаҷми рекордӣ – 19,8 млрд кВт/соат нерӯи барқ (пеш аз ин 18,6 млрд. кВт/соат – соли 1988), аз ҷумла давоми 45 рӯзи охири соли гузашта дар агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун беш аз 90 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст.
Вазир таъкид дошт, ки соли гузашта зиёда аз 2,4 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба хориҷи кишвар интиқол дода шудааст, ки нисбат ба нишондиҳанлдаи соли 2017 ду баробар бештар мебошад.
Зимнан зикр гардид, ки ба туфайли афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва фурӯши нерӯи барқ соли 2018 ба ширкати “Барқи тоҷик” муяссар гардидааст, ки нисбат ба соли 2017 – 500 млн. сомонӣ бештар маблағ ҷамъоварӣ намояд.
Ба гуфтаи муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” Мадумар Асозода, соли гузашта ҳаҷми даромади ширкат аз фурӯши нерӯи барқ беш аз 2,1 млрд. сомониро ташкил додааст.
Асозода илова намуд, ки востаҳои ҷамъоваришуда ба рӯйпӯш кардани хароҷоти ширкат, ҳамчунин ҳисоббаробарии маблағи пардохтҳои ҳатмӣ, аз ҷумла баргардонидани қарзҳо равона шуданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Традиции, мода и финансовые проблемы: почему в Таджикистане становятся вторыми женами и берут вторых жен?
«Празднует, в основном, интеллигенция». Что знают душанбинцы о ночи Ялдо?
«Алиф» снова подтвердил статус Google Partner и укрепил лидерство в цифровой рекламе
Министр энергетики Таджикистана - о планах по увеличению мощностей и снижению потерь электроэнергии
Путин и Мирзиёев обсудили убийство российского генерала, в котором обвиняется гражданин Узбекистана
Эдельвейс таджикской науки. Дилором Каюмова о профессии гляциолога
«Сомон Эйр» приостановила рейсы в московский аэропорт «Внуково»
В мировом рейтинге процветания Таджикистан оказался не последним в регионе
Подарите себе новый автомобиль JAC с выгодными бонусами!
Подозреваемому в убийстве Кириллова узбекистанцу предъявили обвинение по трем статьям УК
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста