Масъалаи фаъолияти минбаъдаи “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” аввали даҳаи охири моҳи феврал ҳал мешавад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи ҳукумат ба сохторҳои марбута дастур дод, ки оид ба фаъолияти ин бонкҳо то 20 феврал хулосаи асоснок пешниҳод карда шавад, хабар дод зимни нишасти хабарии рӯзи 6 феврал дар Душанбе раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

“То санаи зикршуда чунин хулоса таҳия ва ба ҳукумати кишвар пешниҳод мешавад”, - иброз дошт раиси БМТ.

Ӯ қайд кард, ки аз ҷониби ин бонкҳо корҳои муайяне ба сомон расонида шудааст, ки ба камшавии уҳдадориҳояшон назди амонатгузорон мусоидат кардааст.

Бино ба қавли Нурмаҳмадзода, айни замон қарзи “Агроинвестбонк” назди шахсони воқеӣ 738 млн. сомонӣ ва “Тоҷиксодиротбонк” – 504 млн. сомониро ташкил дода, ҳарчанд зимни фурӯши амвол ин бонкҳо ба мушкилиҳо дучор бошанд ҳам, кӯшиш доранд, ки амонатҳои одамонро баргардонанд.

Эҳтимоли тамдиди муҳлати ҷараёни барҳамдиҳии бонкҳо

Раиси БМТ зикр кард, ки дар сурати зарурат муҳлати ҷараёни барҳамдиҳии “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ боз як соли дигар дароз шуда метавонад.

Иҷозатномаи ин ду бонк моҳи феврали соли 2017 бозхонд шуда, пас аз ин ҷараёни маҷбурӣ барҳамдиҳии онҳо шурӯъ шуд.

“Дар ин самт мушкилиҳои зиёде ҷой доранд, чунки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мо таҷрибаи маҷбуран барҳамдиҳии бонкҳоро надоштем, лекин ба ҳар ҳол, корҳо дар ин самт идома доранд”, - иброз дошт номбурда.

Ӯ таъкид дошт, ки уҳдадориҳои “Тоҷпромбонк” назди аҳолӣ то 59 млн. сомонӣ кам шуда, дар “Фононбонк” дар масъалаи баргардонидани амонатҳо ҳеҷ мушкилие нест.

Нурмаҳмадзода хотиррасон намуд, ки нисбати собиқ раиси “Тоҷпромбонк” Ҷамшед Зиёев дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, мавриди таҳқиқ қарор дорад.

“Ӯ бо амвол наздики 100 млн. сомониро ба бонк баргардонид, ки маъмури махсуси “Тоҷпромбонк” онҳоро бояд дар музояда фурӯхта, воситаҳои одамонро баргардонад”, - гуфт раиси Бонки миллӣ.

Зимнан таъкид шуд, ки ба амонатгузорони бонкҳо амвол пешниҳод шуда, лекин онҳо пулҳои худро бозпас гирифтанианд. “Пул танҳо баъди фурӯши амвол пайдо мешаванд”, - афзуд Нурмаҳмадов.

Ба умеди сармоягузорӣ

Ҳамаи бонкҳои дар боло зикршуда соли 2016 ба вазъи душвори молиявӣ дучор шуда, мунтазам аз уҳдаи таъмини уҳдадориҳо назди амонатгузоронашон намебаромаданд.

Аввали соли 2017 ҳукумат тасмим гирифт, ки бонкҳои нисбатан бузург – “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро дастгирӣ мекунад ва бо ин мақсад ба онҳо қарз дод. Ин бонкҳо бояд то охири соли 2021 воситаҳои ҳукуматро баргардонанд, ки бояд ба сармоягузориҳои иловагӣ иваз шаванд.

Дар “Агроинвестбонк” чанд рӯз пеш ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки ҷустуҷӯи сармоягузорон идома дошта, лекин хоҳишмандони маблағгузорӣ ба сармояи ин ташкилоти қарзӣ алҳол пайдо нашудаанд.

Дар “Тоҷиксодиротбонк” бошад, бештар ба оянда хушбин буда, умедворанд, ки ояндаи наздик сармоягузории иловагӣ дастрас мекунанд.

“Айни замон мушаххас гуфта наметавонем, ки ин кор кай сурат мегирад, лекин он ояндаи наздик амалӣ мешавад. Дар ин хусус бо сармоягузорони чиниву арабӣ ва ҳамчунин чанде аз ташкилотҳои хориҷӣ – бонкҳои русиягии ВТБ ва Сберанк, “Казкоммерсбонк”-и Қазоқистон, сохторҳои тиҷоратии Гонконг, Словакия ва Малайзия гуфтушунидҳо ҷараён доранд”, - гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар “Тоҷиксодиротбонк”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.