Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо дастури худ аз операторони мобилӣ талаб кард, ки арзиши 1 Мб интернетро дар ҳаҷми на камтар аз 5 дирам, як дақиқаи зангҳои байнулмилалиро бо шумули алоқаи NGN бе назардошти андозҳо на камтар аз 1 сомонӣ муқаррар намоянд.

“Қабули чунин дастур аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ каме тааҷҷубовар ба назар мерасад, зеро ин хадамот мақоми ваколатдори ҳимоя аз ҳуқуқи истеъмолгарон буда, усулан афзалияти фаъолияташ бояд ба беҳбуди вазъи истеъмолгарон нигаронида шавад”, - иброз дошт Фаридун Шоинбеков, муовини директори Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон.

Ӯ қайд кард, ки оқибатҳои мавриди амал қарор гирифтани ин фармоиш дар навбати аввал ба истеъмолгарон таъсири манфии иқтисодӣ мерасонад, чунки пардохтгари ниҳоии ин хизматгузориҳо маҳз онҳо мебошанд.

“Дар баробари ин, санади қабулшуда ба бунёди бозори рақобатпазир, ки мусоидат ба он тибқи қонунгузорӣ ба мақомоти зиддиинҳисории кишвар вогузор шудааст, низ таъсири манфӣ мегузорад, - мегӯяд Шоинбеков. – Мувофиқи меъёри қонун “Дар бораи ҳимояи рақобат”, танзими давлатии бозори мол ба таври истисноӣ бо мақсади рақобат ва пешгирии монополия кардани мол амалӣ мешавад.

Гузашта аз ин, танзими давлатии зиддиинҳисорӣ ва назорат танҳо дар ҳолати болоравӣ ё афзоиши беасоси нарх дар бозор ба молу маҳсулоти муайян барои поин бурдани нархи онҳо, на балки баръакс, истифода мешавад”.

Муовини раиси Иттифоқ ҳамчунин муқаррароти моддаи 14, қисми 1 Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳимояи рақобатро низ хотиррасон намуд, ки дар он гуфта мешавад: “Ба мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул намудани санад ё ба анҷом расонидани амалҳое, ки мустақилияти субъектҳои хоҷагидорро маҳдуд месозанд, шароити табъизӣ ё баръакс, имконияти мусоидро барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидори алоҳида фароҳам меоранд, манъ аст, агар натиҷаи ин санад ва амалиёт боиси роҳ надодан, бартараф намудан ва маҳдудшавии рақобат, халалдор намудани манфиатҳои субъектҳои хоҷагидор ё шаҳрвандон гардидааст ё метавонад гардад”.

“Дар хотима қайд карданиам, ки Хадамоти зидлдиинҳисорӣ мутобиқи қонун ваколатдор аст, ки масоили истифодаи қонунгузории зиддиинҳисориро шарҳ дода, фармоиши қабулкардаашро асоснок намояд”, - афзуд Шоинбеков.

Ёдрас мекунем, ки мутахассиси Хадамот Раҷабалӣ Маҳсиддинов дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” дар мариди ин масъала изҳор намуда буд, ки арзиши интернети мобилӣ бо мақсади беҳтар кардани суръати интернет боло бурда шуда, минбаъд ширкатҳои мобилӣ ба афзоиши суръати интернет аз 512 Мб то ба 1024 Мб дар як сония уҳдадор мешаванд.

Ҳамчунин дар тамоми қаламрави кишвар операторони мобилӣ бояд алоқаи навъи 4G ва LTE-ро таъмин созанд.

“Аҳолӣ аз интернеити суст шикоят мекунад. Аз ин рӯ, мо нархро ба он хотир боло мебарем, ки ширкатҳои мобилӣ ба афзоиш додани суръати интернет уҳдадор шаванд”, - иброз дошт ҳамсуҳбат.

Фармоиши нави Хадамоти зиддиинҳисорӣ “Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ” санаи 4 марти соли 2019 ба имзо расида, аз 27 март мавриди амал қарор мегирад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.