Бо истифода аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда зиёд шуда, талаботи бозор бо маҳсулоти саноатии ватанӣ таъмин гардида истодааст, изҳор дошт муовини аввали вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Бахтиёр Шарипов дар ҷараёни муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи “Рафти саноаткунонии кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ”.
Мувофиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2030, гузориши иқтисоди мамлакат аз самти аграрӣ-саноатӣ ба индустриалӣ-аграрӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ӯ қайд кард, ки дар ин давра истеҳсоли маҳсулотҳои нави саноатии воридотивазкунанда ба монанди халта, риштаи полипропиленӣ, ротбанд, хишти сабук, гаҷкартон, уребча (подгузник), халтаҳои полиэтиленӣ, собуни мушкин, гӯшти мурғ (рони мурғ, қафаси синаи мурғ), сачоқчаҳои хушк, эмулсияи, бозичаҳои кӯдакона,трактор, ядка (прицеп),автобус, фойтунчаҳои кӯдакона, аробачаҳои кӯдакона,пахтаи тиббӣ, гирдакҳои пахтагин ва чӯбчаҳои пахтагини нафис ба роҳ монда шудааст.
Бино ба гуфтаи муовини аввали вазир, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишвар аз 3% то ба 69,4% афзудааст.
Таъкид шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 5 млрд 721 млн сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба 115,9% баробар шуда, афзоиш 792,9 млн сомониро ташкил дод.
Шарипов таъкид дошт, ки ҳиссаи соҳахо дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тариқи зайл аст: электроэнергетика - 31,3%, саноати маъдан - 25,6%, саноати хӯрокворӣ - 19,0%, саноати масолеҳи сохтмон - 8,7%, саноати сабук - 7,1%, саноати мошинсозӣ - 6,1%, табъу нашр - 0,9%, саноати ангишт - 0,7% ва газ - 0,5%.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Всемирный банк презентовал в Душанбе Доклад о климате и развитии
Храп и апноэ во сне: как лишний вес ставит под угрозу ваш отдых и здоровье?
Япония построила школу в селе Таги Чинор в Истаравшане
Президент запустил футбольную школу и обувную фабрику на севере Таджикистана
Таджикистан в октябре поставил соседям электричество на 3,8 миллионов долларов
TİKA подарило спортинвентарь баскетболистам-колясочникам Таджикистана
"Мы ничего не знаем". Суд по делу известных политиков вновь прошел за закрытыми дверями
В Казахстане закрыли проезд по мосту между Европой и Азией
Власти Абхазии усмотрели в действиях протестующих признаки госпереворота
На каких условиях Казахстан будет приобретать энергию Рогунской ГЭС?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста