Дар дафтари кории Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ рӯзи 10 июн ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории доимо амалкунанда оид ба рушди бозори сармоя дар Тоҷикистон доир гардид.

Чорабинӣ аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ташкил шуд.

Зимни ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ сохтори лоиҳаи санади меъёриро бобати ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки Тоҷикистон, ки дар таҳияи он БАТР кумаки техникӣ мекунад, баррасӣ намуданд.

Дар назар аст, ки лоиҳаи санади нави меъёрӣ то охири соли 2019 ба баррасии ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мешавад.

БАТР

Гурӯҳи корӣ моҳи марти соли 2019 таъсис ёфта, рушди бозори сармоя дар Тоҷикистон, аз ҷумла таҳияи заминаи дахлдори ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифтанокиву огаҳӣ, такмили зербинои бозор ва ҳалли масоили тадорукотӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба он аз ҷумлаи вазифаҳои асосии Гурӯҳ маҳсуб меёбанд.

Натиҷаи кори Гурӯҳи мазкур ташаккули бозори дохилӣ ва рушди бозори сармоя дар ҷумҳурӣ хоҳад шуд.

Пешбинӣ мешавад, ки ин бозор сарчашмаи боэътимоди маблағгузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон шуда, ба суботи молиявии он ва афзоиши устувор тавассути истифодаи бештар густардаи асъори миллӣ мусоидат менамояд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.