Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ беш аз 13 ҳазор нафар субъектҳои хоҷагидорӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро қатъ намуданд, хабар дод зимни нишасти хабарии рӯзи 31 июл дар Душанбе раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамрализода.
“Дар ин давра ба сурати умум дар кишвар фаъолияти 13 ҳазору 157 субъектҳои хоҷагидорӣ қатъ шуд, ки аз ин шумор 451 субъект - шахси ҳуқуқӣ ва 12 ҳазору 702 субъект - соҳибкорони инфиродӣ мебошанд”, - иброз дошт Ҳамрализода.
Бино ба гуфтаи ӯ, ҳамасола аз 10 то 15 ҳазор субъектҳои соҳибкорӣ фаъолияти худро дар ҷумҳурӣ қатъ мекунанд ва сабаби аслиаш рақобатнопазирӣ аст.
“Сабаби аслӣ дар он аст, ки соҳибкорон ба рақобат тоб оварда наметавонанд, нақшаи рушдро дуруст таҳия намекунанд, вижагиҳои маркетинг (бозорёбӣ) ва ҳисобу китобро намедонанд ва ҳамчунин қонунгузории андозро риоя намекунанд. Дар натиҷа муфлис шуда, ба фаъолияти худ хотима мебахшанд”, - - қайд кард раиси Кумита.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта шумори субъектҳои соҳибкорӣ ба беш аз 11 ҳазор адад афзудааст.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ба ҳолати 1 июл қариб 323 ҳазор субъектҳои соҳибкорӣ дар кишвар фаъолият доранд.
Қаблан вазири саноат ва технолгияҳои нави кишвар Заробиддин Файзуллозода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуда буд, ки аз оғози сол 181 корхонаву коргоҳҳо, ки дар онҳо наздики 2 ҳазор нафар кор мекарданд, фаъолияти худро қатъ кардаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.