В первом полугодии 2019 года ВВП Таджикистана достиг 31,3 млрд сомони ($3,32 млрд), и его рост, по сравнению с аналогичным периодом прошлого года, составил 7,5%, сообщил министр экономического развития и торговли Таджикистана Неъматулло Хикматуллозода на пресс-конференции в Душанбе.
«За первое полугодие 2019 года во всех отраслях национальной экономики была сохранена позитивная тенденция развития, обеспечена устойчивость макроэкономических показателей страны», - отметил он.
По его данным, ВВП Таджикистана за счет реального роста объема производства промышленных товаров достиг 12,5%, сельскохозяйственной продукции – 10,8%, оборота розничной торговли – 9,4%, пассажирооборота – 12,9% и платных услуг на 0,9%.
Внешнеторговый оборот Таджикистана за первое полугодие составил $2 млрд 136,9 млн (рост 3,8%), в том числе экспорта $570,6 млн, импорта - $1 млрд 566,3 млн (рост 2,3%).
По сообщению министра, в настоящее время Таджикистан имеет торговые отношения с 110 странами мира.
Согласно предварительным данным министерства финансов, на 12 июля 2019 года общая часть доходов госбюджета РТ за первое полугодие текущего года исполнена на 100,4%, денежные средства, поступившие в бюджет, составили 10 млрд 949,3 млн сомони (рост 48,9 млн сомони) и 35% к ВВП.
Вместе с тем вложение средств в основной капитал снизилось на 8,6%, объём оборота внешней торговли в первом полугодии 2019 года по сравнению с этим периодом 2018 года увеличился на 3,8%, в том числе объём экспорта на 8,1% и импорта на 2,3%.
Оставайтесь с нами в Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK и Google Новостях.
Президент США заявил о "неслыханном уровне коррупции" в USAID и потребовал его закрыть
Эмомали Рахмон подписал указ о повышении зарплат, пенсий и стипендий
Как изменились ставки земельного налога в Таджикистане?
Трамп допустил вероятность встречи с Зеленским на следующей неделе
ФФТ рассказала, как в Душанбе отметят Всемирный день футбола
Журнал Time поместил на обложку Илона Маска в президентском кресле
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Возможное повышение тарифов на электроэнергию, «шокирующий» приговор и чудесное спасение младенца
Мирзиёев поручил установить для каждого министра и хокима KPI по цифровизации
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 8 февраля 2025 года
«Таджик Эйр» выполнил первый рейс по маршруту Душанбе – Рашт
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста
асим6 августа, 2019 09:30
резервы роста экономики неисчерпаемы. Например:
Роҳҳои рушд ва таъсири он ба тавозуни пардохт
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои рушди иқтисод, ки ба тавозуни пардохт таъсири мусбӣ мерасонанд хеле зиед аст. Омили асосии рушди иқтисод - татбиқи дастовардҳои фанни дар ҳамаи соҳаҳо мебошад. Иқтисодиете, ки дар он муҳити мувофиқ ба монетизатсияи дастовардҳои фанни ва зеҳни ҷой дорад, ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрванд ва моликияти у таъмин аст рушди собит ва мондагоре дорад.
Дар ин ҷо мо танҳо бо овардани ду мисоле, ки метавонанд ҳамчун намунаи имкониятҳои воқеъии рушд хизмат кунанд ва изҳори нуқтаи назари худ доир ба заминаҳои рушд иқтифо мекунем. Танҳо истифодаи ҳамин ду пешниҳод метавонад аз ҳисоби афзоиши содирот (71.4 млн. доллар) ва кам кардани воридот (100 млн. доллар) ба тавозуни пардохт ба андозаи 171.4 млн. доллар таъсири мусбӣ расонад. Бовари дорем, ки мутахассисони соҳавӣ, метавонанд садҳо чунин пешниҳодҳоро ироа кунанд, ки татбиқи онҳо боиси рушди иқтисодиет ва некуаҳволии мардум хоҳад шуд.
1. Ҷорӣ кардани коркарди консентрати сурмаву симоб дар кишвар.
Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи сурма дар ҷахон баъди ҶХХ ва ФР дар ҷои сеюм қарор дорад. То алъон дар комбинати куҳии ғанигардонии Анзоб коркарди консентрат ва истеҳсоли маъдани тоза, пурра роҳандози нашудааст ва кушишҳои фирмаи Консап (100% сахмияхо аз они уст), то ҳол натиҷаи мусбат надодаст.
Мувофиқи технологияи маъмули, истеҳсоли сурма аз консентрат то алъон дар ду зина амали карда мешавад. Аввал ба роҳи пирометалурги симобро ва баъдан ба роҳи электролиз сурмаро ҷудо мекунанд. Ҳангоми истифодаи роҳи пирометалурги, симоби дар консентрат буда пурра ҷамовари карда намешавад ва эҳтимолияти хавфи олудасозии муҳити зист вуҷуд дорад. Аз ҳамин хотир корхонаҳои ҷудокунии симоб дар маҳалҳои дур аз маҳалли аҳолинишин ҷойгир карда мешуданд.Олимони тоҷик 10-15 сол қабл аз имруз ба ин масъала таваҷҷух зоҳир карда, ба ҷустуҷуи роҳҳои безарар ва каммасрафи истеҳсоли сурмаву симоб шуруъ карда буданд.
Истеҳсол ва содироти консентрати сурма дар фирмаи Консап дар солҳои 2015-2017 бо чунин натичаҳо ҷаъмбанди шудааст.
Ҷадвали 14 - Истеҳсол ва содироти консентрати сурма
Сол 2015 2016 2017
Арзиши содироти
(доллари ИМА) 21 991 595 23 503 254 35 726 647
Вазн, кг. 11 911 595 25 827 748 24 931 020
Содирот,кг. 11 911 595 25 827 748 24 931 020
Сарчашма: United Nations International Trade Statistics Database, Department of Economic and Social Affairs/Statistics Division (https://comtrade.un.org)
Олимони тоҷик технологияи коркарди консентрати сурмаро дар якҷояги бо сармоягузорони ватани дар сехи 7-ми заводи электрохимиявии ш.Исфара бо истифода аз навовариҳои худ, ки ба стандартҳои ҳифзи муҳити зист ҷавобгу аст, 8-10 сол қабл аз ин, ба роҳ монда буданд, аммо мутассифона аз сабаби дастнорасии консентрати сурма барои истехсолот (ширкати КОНСАП ирсоли консентратро қатъ кард) фаъолияти онҳо дар ин ҷода дер давом накард.
Сурмаи холиси истехсолшуда худи ҳамон сол аз ҷониби ширкати аврупои харидори шуд ва талаботи кафолатнок барои хариди маҳсулоти минбаъд тавлидшаванда низ дода шуда буд.
Истифодаи технологияи пешниҳодшуда имруз низ хело муфид аст. Барои исботи ин - ду вариантро барраси мекунем:
1.Фуруши консентрат;
2.Фуруши сурмаву симоби баъди электролиз ва коркарди кимиёвӣгирифташуда.
Таркиби консентрат: Сурьма=40-60% ,Симоб=1.02%,Талий=0.0136%. Миқдори солонаи истеҳсоли консентратро барои ҳар ду вариант муодил ба миқдори консентрати дар соли 2017 тавлидшуда,яъне баробар ба 24 931 тонна қабул мекунем.
Аз ин миқдор консентрат хосил мешавад:
-сурмаи металӣ – 24931*(0.6*0.833)=12465.6 тн ва ё сеоксиди сурма, ки дар таркибаш 83.1% сурмаи холис дорад - 12465.6/0.831=14 989.9 тн.
-симоби холис - 24931*1% = 249.0 тн.
Ҷадвали 15 - Самаранокии вариантҳо
Номгӯи маҳсулот Ченак Миқдор Нарх,дол. Даромади асъори, дол. Эзоҳ
Варианти 1
Кон-трати сурма тн 24 931 1433 35 726 647
Варианти 2
Сурмаи металли тн 12 465.6 8 000 99 724 000
Симоби холис тн 249 30 000 7 400 000
Ҳамаги вар.2 107 124000
Афзоиши ҳачми содирот 107.1-35.7=71.4 млн. долларро ташкил медиҳад.
Аз ҳисобҳо чунин хулоса мебарорем:
- беҳтар шудани тавозуни пардохт (аз ҳисоби афзоиши содирот) ба +71.4 млн. доллар;
- барпо шудани ҷойхои нави кори ва манбаъҳои нави андоз;
- афзоиши некуаҳволии аҳоли -арзиши иловашуда барои ҳар як коргари дар коркарди консентрат банд буда дар як сол (хангоми 100 нафар будани миқдори коргарон ва 30% будани арзиши иловашуда) ба 71400 ҳазор доллар*0.3/100=214.2 ҳазор доллар барои як нафар дар як сол;
- имкони бурдани тадқиқотхои минбаъда барои истеҳсоли тилло,нуқра ва металҳои камефт аз хокаи боқимондаи истеҳсоли сурмаву симоб,ки потенсиали истеҳсоли маҳсулоти иловагиро ( тилло, нуқра, галий) дорад.
2. Оптимизатсияи сохтори воридотии наъвҳои гуногуни сузишвории автомобилӣ.
Ҳоло кишвари мо воридкунандаи наъвҳои гуногуни сузишвории гуногун аз қабили бензин, сузишвории дизели, гази моеъ ва гази табийи мебошад. Аз вариантҳои истеҳсоли он ва истифодаи технологияҳои мавҷуда қатъи назар мекунем, зеро барраси ва истифодаи онҳо сармояҳои ҳангуфтеро тақозо мекунанд. Фақат аз баррасии имкониятҳои интихоби вариантҳои воридоти ин е он намуди сузишвории бахамивазшаванда, бо дарназардошти самаранокии онҳо, аз нигоҳи таъсири онҳо ба иқтисодиет (хамчунин ба тавозуни пардохт), истифода мекунем.
Мо бо истифода аз имкониятҳои воқеъи - ду варианти таъмин кардани нақлиети автомобили бо сузишвории баҳамивазшавандаро дида мебароем:
Варианти якум (воқеъи ва имруз ҷойдошта) - таъмини нақлиет бо гази моеъ (ГМ).
Варианти дуюм (имконияти воқеъи вале имруз истифоданашуда)-таъмини нақлиет бо гази табийи (ГТ)
Ин вариантҳоро бо ҳам муқоиса мекунем.
1.Тағйирот дар самаранокии воридот.
Ҳоло, солона хадди аққал 400 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда мешавад, ки он аз ҷиҳати гармоофарини муодил ба воридоти 500 млн.метри куби гази табии мебошад. Воридоти гази табии ба воситаи лулаҳои мавҷуда аз соли 2018 оғоз шудааст, яъне ҳарду варианти баррасишаванда воқеъи ва имконпазир барои истифода мебошанд.
Аз ин ру мо метавонем ҳарду вариантро аз нигоҳи таъсири он ба тавозуни пардохт (истифодаи ҳар ду вариант бо масрафи асъор барои ворилоти онҳо вобаста аст) ва хамчунин ба сегменти истифодабарандагони сузишвори ва тағйирот дар ҷойхои кори ва андозҳои воридшаванда баҳогузори кунем, то самаранокии онҳоро бо баҳисобгирии ҳамаи тағйиротҳои ҷойдошта муайян карда тавонем.
Ҷадвали 16 - Самаранокии воридот.
Маҳсулоти воридоти (солона) Ченак Микдор Нарх, дол. Арзиши воридоти, млн.доллар
Варианти 1
Гази моеъ(ГМ) тн 400 000 400 160
Варианти 2
Гази табии(ГТ) 1000 м3 500 000 120 60
Сарфаи асъор (ҳамчунин фоидаи софи иқтисоди) барои хариди миқдори ба ҳам баробари энержи ба 100 миллионов доллар баробар мешавад.
2.Тағйирот дар сегменти истифодабарандагони сузишвори. Барои истифодабарандагони сузишвори қиммати алтернативии он бо назардошти қобилияти гармоофарини ва нархи ҳар як намуди он муайян карда мешавад.
Ҷадвали 17 - Қиммати алтернативии гази моеъ ва табии.
Нишондиҳандаҳо Ченак Гази моеъ (1литр) Гази табии (1м3)
Гармоофарини Ккал. 5000 7600
Нарх Сомони 3.30 3.0
Арзиши 1000ккал. Сомони/1000ккал 0.66 0.39
Сарфаи маблаг (харочот) дар сегменти истифодабарандагони сузишвори барои 1000 ккал. энержи:
3.30/5-3/7.6=0.66-0.39=0.27 сомони./1000ккал.
Ҳангоми истифодаи 500 млн. метри куби гази табийи бар ивази 400 000тн гази моеъ дар сегменти истифодабарандагон фоидаи зерин ҷой дорад:
0.27*500 000 000* 7.6/9.43=108 млн. долларов.
3.Тағйиротҳо дар ҷойҳои кори ва андозҳо
Барои таъмини фуруши 500 млн. метри куби гази табийи (ГТ) мебоист кори на камтар аз 100 истгоҳҳои компрессории газиро барқарор кард. Дар ин ҳолат зиеда аз 3000 ҷойи кории нав бо маоши на камтар аз 2000-3000 сомони (дар як моҳ барои як нафар) ба вуҷуд меояд.
Андозҳои пардохтшаванда (бо дарназардошти андозҳои иҷтимоъи) на камтар аз 200 млн. сомониро ташкил медиҳанд.
Дар натиҷаи ҳисобҳо ба чунин хулоса меоем:
- беҳтар шудани тавозуни пардохт (аз ҳисоби кам шудани воридот ва сарфи асъор) ба 100 млн. доллар.
- барпо шудани 3000 ҷойҳои нави кори бо маоши 2000-3000 сомони ва манбаъҳои нави андоз ба миқдори 200 млн. сомони.
- афзоиши боигарии аҳоли ( аз ҳисоби сарфаи маблағи хариди сузишвори) ба 108 млн. доллар.
-паст шудани арзиши кашонидани бор ва мусофирон, ки дар навбати худ боиси кам шудани арзиши маҳсулот дар соҳаҳои истеҳсоли мегардад (эффекти мултипликативи).
Бояд қайд кард, ки барои соли 2019 (мувофиқи барномаи воридотивазкунии Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ) воридоти 400ҳазор тонна бензин ва 875 ҳазор тонна сузищвории дизели пешбини шудааст, ки онҳоро низ метавон ҳадди аққал ҳудуди 50% ба гази табийи иваз кард. Бо назардошти фарқияти нархҳо дар ин ҳолат метавон сарфаи асъори хориҷиро боз ҳам зиед ва тавозуни пардохтро боз ҳам беҳтар кард.
Танҳо ҳамин ду пешниҳоди баррасишуда ва то алъон истифоданашуда аз он шаҳодат медиҳад, ки мо бояд сабабҳои, аниқтараш монеъаҳое, ки садди рушди иқтисодиети кишвар мебошанд сари вақт пайдо кунем ва ногузир ру ба ислоҳи онҳо орем.
Мақсади ҳамагуна ислоҳотҳо дар иқтисодиет ин тақвият бахшидан ба боварии мардум ва ҳам ҷаҳониен ба ояндаи неки кишвар, ба донишу тавонойи худ, ба сохторҳои институтсионалии мавҷуда, ба пули миллии худ, ба ҳамдигар ва ба ҳамкории судманд аст. Ин омил хело муҳим аст. Масалан буҳрони бонкие, ки дар натиҷаи он якчанд бонкҳои кишвар пардохтнопазир гаштанд ин буҳрони молияви нест, ин пеш аз ҳама буҳрони бовари аст. Бонкдорон, гуе фаромуш кардаанд, ки сармояи асоси ва пурарзиштарин дар соҳаи бонкдори ин боварии мизоҷон аст ва баъд дороиҳои молиявиву дигару дигарҳо. Чун бонк аз ин сармоя- боварии мизоҷон маҳрум шуд, чун дар қисмати нохудогоҳи зеҳни мо ин нобовари сабт гардид, дигар хазинаи Қорун хам наметавонад уро аз буҳрон барорад.
Мисоли дигар, мо ҳамеша дар бораи зарурати ҷалби бештари сармояи хориҷи барои азхудкунии канданиҳои фоиданоки кишвар сухан меронем ва ин дуруст аст, ки он ба рушди кишвар ва тавозуни пардохт таъсири мусбат дорад. Аммо дар вокеъият талаб кардани пардохти бонуси обунавии хангуфт, дар замони омода кардани шартномаи сармоягузори ва се мохи баъди бастани шартнома, садди бузургест дар роҳи ворид шудани сармоя ба иқтисодиети кишвар. Ин дар ҳолест, ки масъалаи асоси, ҳангоми бастани чунин шартномаҳо ин масъалаи ҳисоби рентаи куҳи ва тартиби пардохти он аст, ки он берун аз мадди назар мондааст ва е тарафҳо онро дар зеҳни худ пинҳон доштаанд. Рентаи куҳи даромадест, ки он ҳангоми истифодаи захираҳои табийи ба даст меояд ва он фоидаи зиед аз меъерҳои миена буда, ба пурраги ба соҳиби конҳо, яъне халқи Тоҷикистон, тааллуқ дорад. Мутаасифона, то алъон дар ягон шартномаи сармоягузори, ки бо сармоягузорони ватаниву хориҷи ба имзо расидаст, ҳисоби рентаи куҳи ба таври возеҳу равшан инъикос наефтааст, яъне ин шартномаҳо воридоти рентаи куҳиро ба бюджети давлат (ҳамчун ифодагари манфиатҳои халқ) таъмин карда наметавонанд.
Агар мо дар соҳаи куҳкори ҳисоби рентаи куҳи ва тартиби пардохти онро, бо назардошти манфиатҳои давлат ва сармоягузорон, ворид кунем он заминае мешавад барои ғанигардонии бюджет ва беҳтар кардани тавозуни пардохт. Бешубҳа, афзоиши даромади воқеъи барои бюджет, дар ин маврид, миллионҳо сомониро ташкил хоҳад дод.
Мо бояд нисбат ба ояндаи кишвари худ хушбин бошем ва дороиҳои худро, имкониятҳои сармоягузории худ ва шарикони худро барои рушди кишвар, барои некуаҳволии мардум равона кунем ва нисбат ба мардуми худ, алалхусус мухоҷирони меҳнати гамхор бошем. Ман ба оянда хушбин хастам, ба рушди иқтисодиети кишварам бовар дорам, зеро потенсиали рушди иқтисоди кишвар, бехато, камназир аст. На ҳама кишварҳо чун Тоҷикистон соҳиби потенсиали истеҳсоли зиеда аз 500 млрд. кВт соат энержии барқи (дар як сол) аз ҷихати экологи тоза, захираҳои азими конҳои тиллову нуқра, сурмаву симоб ва дигар маъданҳо ҳастанд ва мо имруз вазифадорем ҳам барои худ, ҳам барои ояндаи миллати худ аз ҳамаи имкониятҳои ба воқеъият табдил додани ин потенсиал, дар заминаи истифодаи технологияҳои пешқадам ва дастовардҳои илми, истифода барем.
Замони мо замони ҷаҳонишавии иқтисодиет аст, дигар барои сармоя марзҳои ҷугрофи як воқеияти маҷозие беш чизе нест. Агар сармоягузор аз ҳимояи ҳуқуқии шахс ва моликияти шахсиаш бархурдор аст, агар давлат имконияти таъмини ин ҳимоятро дорад, агар дар ҷомеа эҳтиром ба қонун ва моликияти шахси собит аст, пас, барои ворид шудани сармоя ва азхудкунии конҳои аз ҷихати иқтисоди судманд, монеае вуҷуд надорад.
Аммо барои соҳибони мулк - давлат ва унсурҳои давлатдори аз қабили пули милли, истиқлолият ва марзу буми кишвар мафҳумҳои муққадасанд, зеро шакли олии институтсионалии ҳамгироии мардум барои расидан ба ормонхои миллии худ ин давлат аст. Аз ин ру моро зарур аст дар равобити иқтисодии худ бо хориҷиен аз ҳадафҳои миллии худ пайгири кунем, то тавонем барои худ ва наслҳои оянда, кишвари ободу сарватмандеро боқи гузорем. Аз ин лиҳоз пешниҳодҳо оиди коркарди консентрати сурма дар дохили кишвар ва истифодаи гази табийи чун сузишвории алтернативи ва ҳамчунин ҳамагуна пешниҳодҳое, ки ба рушди кишвар меоваранд, ва ба ҳадафҳои миллии мо мувофиқанд, бояд қобили дастгирии ҳамаҷониба бошанд ва бе чуну чароҳо истифода шаванд. .
Дар ҳамин асно, мо бояд бо ҷалби сармоя барои азхудкунии захираҳои табийи қаноат накунем, зеро ин захираҳо барқарорнашаванда ва адошавандаанд ва истифодаи онҳо наметавонад замони номаҳдуд пешрафти иқтисодиетро таъмин кунад. Танҳо кишварҳое, ки ру ба илму технологияҳои нав овардаанд ва худ воридоту содироти он ва е истифодаи мунтазами онро дар иқтисодиет ҷорӣ кардаанд замони бемунтаҳо метавонанд дар масири рушд қарор гиранд.
said3 августа, 2019 11:30
Это каким надо быть т//м, чтобы путать банальный рост цен с ростом ВВП.
Socrat2 августа, 2019 20:11
Министры уже начали нести откровенную дичь. Какие 7.5% роста ВВП, если у населения денег нету на покрытие обязательств?
Evelina Shejk2 августа, 2019 19:48
Уважаемая Редакция! Вот ссылка на официальную статистику роста экономик во всем мире https://news.tj/ru/news/tajikistan/economic/20190802/minekonomrazvitiya-...
В списке первых 50 стран нет ни одной, которая могла бы достигнуть уровня в 7,5% за первое полугодие 2019. Пожалуйста, донесите это до масс! Ну, сколько можно рисовать эти цифры в стране, где невозможно (от слова совсем) купить в свободном доступе даже 100 долларов США.