Байни Тоҷикистон ва Олмон дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2017-2019 созишнома ба имзо расид.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, маблағи умумии созишномаи мазкур 27 млн. евроро ташкл медиҳад.

Воситаҳо барои амалисозии лоиҳаҳои «Тақвияти рушди деҳот тавассути истифодаи заминҳои мутобиқгардонидашуда ва паст намудани хавфи офатҳои табиӣ» ва «НБО Себзор» равона карда мешавад.

Дар нерӯгоҳи барқи обии хурди “Себзор” бо иқтидори 10 МВТ истеҳсоли то 60 млн. кВт/соат нерӯи барқ дар як сол ба нақша гирифта шудааст. Ба сохтмони он ҳанӯз тобистони соли 2015 президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз бахшида буд.

Айни замон корҳои сохтмон бо дастгирии ҳукумат аз ҷониби ширкати “Помир энержи” анҷом дода мешаванд, ки ба идоракунии шабакаҳои  барқи ВМКБ машғул аст.

Қобили зикр аст, ки маблағи умумии лоиҳа 36,8 млн. доллар арзёбӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.