Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “ТАЛКО голд” барои журналистон ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони корхонаи бузурги саноатии ҶСП «Талко Голд» дар ноҳияи Айнӣ саёҳати иттилоотӣ (press tour) ташкил кард.

Тавре ба журналистон хабар доданд, анҷоми сохтмони комплекси истеҳсолӣ дар кони “Кончоч”-и ҶСП “Талко Голд” моҳи марти соли 2020 дар назар аст.

Сурат: Asia-Plus

“То имрӯз аз 25 километр ҳудуди 7 километр нақб барои истихроҷи тилло, сурма ва дигар металлҳо канда шудааст. Сохтмони фабрикаи поксозӣ бо иқтидори 5 ҳазор тонна дар як шабонарӯз ва иншооти ёридиҳанда аз қабили анбору хати интиқоли барқи 10 К ва 110 Кв бо масофаи 36 километр, роҳҳои автомобилгард, заҳбури обпарто бо масофаи 4,5 киломтр, шаҳрак ва дигар иншооти таъиноти иҷтимоиву маишӣ босуръат идома дорад”, - хабар дод директори генералии ҶСП “ТАЛКО Голд” Ли Фэн.

Директори генералии ҶСП “ТАЛКО Голд” Ли Фэн
Сурат: Asia-Plus

Ҳаҷми умумии сармоягузории ҶСП “ТАЛКО Голд” 200 млн. долларро ташкил медиҳад. Саҳҳомон КВД “Ширкати алюминии тоҷик” ва Ҷамъияти саҳҳомии Чин «Ширкати саноати маъдани тибетии Хуаюй» буда, ҳар кадоме дорои 50%-и саҳмия дар сармояи оинномаи Ҷамъият мебошанд.

ҶСП «Талко Голд» дар заминаи маъдани кони Кончоч бунёд мегардад. Ин кон аз се қитъа Чулбоӣ, Кончоч ва Шахкон иборат аст. Дар ин кон захираи панҷ унсури кимиёӣ, аз ҷумла сурма қариб 265 ҳазор тонна, тилло ҳудуди 50 тонна, флюорит - беш аз 70 ҳазор тонна, нуқра беш аз 59 ҳазор тонна, симоб 1197 тонна ба қайд гирифта шудааст.

Ба журналистон ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки металлҳои истихроҷшуда дар Тоҷикистон то маҳсулоти ниҳойӣ коркард мешаванд.

“ҶСП “ТАЛКО Голд” айни замон ҷараёни лоиҳакашии коркарди консентрати тиллову сурмаро то маҳсулоти ниҳоӣ - сиккаҳои тилло ва сурма амалӣ карда истодааст, ки аз ҳисоби сохтмон ва мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нави металлургӣ таъмин шуда метавонад. Иқтидори корхонаи нави металлургӣ 300 тонна дар як рӯзро ташкил хоҳад дод”, - хабар дод котиби матбуотии ТАЛКО Игор Сатторов.

Сурат: Asia-Plus

Бино ба гуфтаи ӯ, дар мавриди ҷалби сармоягузориҳои иловагӣ ба маблағи наздики 50 млн. доллар барои лоиҳакашӣ ва сохтмони корхонаи нав тадбирҳо андешида мешаванд.

“Дар назар аст, ки корхонаи мазкур бузургтарин дар Осиёи Марказӣ оид ба коркарди консентрати сурма мешавад. Пас аз амалисозии лоиҳа ҳаҷми солонаи истеҳсоли тилло 2,2 тонна, сурма - 15 ҳазор тонна ва сурмаи сафед 6 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ҳаҷми сурмаи истеҳсол мешуда ба беш аз 10% аз истеҳсоли ҷаҳонии он дар сол баробар хоҳад шуд”, - қайд кард Игор Сатторов.

1/7

Ҷамъияти саҳҳомии пӯшида «ТАЛКО Голд» корхонаи фаръии Ширкати алюминии тоҷик мебошад. Барои коркарди як гурӯҳи конҳои тилло дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд ширкат аввали соли 2016 иҷозатнома гирифта буд.

Ҳанӯз моҳи июни соли 2015 ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи дастгирии давлатии солимгардонии вазъи иқтисодии ТАЛКО»-ро қабул кард. Дар чаҳорчӯби ин барнома, раҳбарияти ширкат ба ҳукумат пешниҳод кард, ки гурӯҳи конҳои «Канчоч» дар ноҳияи Айнӣ ба истифодаи ширкат дода шавад.

Моҳи декабри ҳамон сол ширкат иҷозатнома гирифт, ки мувофиқи он ба ТАЛКО барои истифода аз ин конҳо дар муддати 25 сол ҳуқуқ дода шуд. Ин конҳо дар ноҳияи Айнӣ воқеъ буда, аз захираҳои зиёди тиллову нуқра, симоб, сурма ва дигар металлҳо иборатанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.