Бонкҳои Тоҷикистон аз пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ бо сабаби мавҷуд набудани захираҳои молиявии зарурӣ худдорӣ мекунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ин робита хабар доданд, бештари маблағҳои ҳамчун пасандоз дар ташкилотҳои қарзӣ ҷойгиркардаи аҳолӣ ва корхонаҳо кӯтоҳмуҳлат мебошанд.

“Ин имкони ташкилотҳои қарзиро барои пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ маҳдуд мекунад”, - гуфтанд дар Бонки миллӣ.

Зимнан таъкид гардид, ки барои зиёд шудани ҳаҷми қарзҳои ипотекӣ дар низом, ҷалби маблағҳои дарозмуҳлат ва арзон зарур мебошад.

Бино ба маълумоти БМТ, аввали соли равон ҳаҷми умумии бақияи қарзҳо дар низоми бонкӣ қариб 8,8 млрд. сомониро ташкил додааст, ки аз он ба қарзҳои ипотекӣ ҳамагӣ наздики 210 млн. сомонӣ рост меояд.

Зикр шуд, ки барои соддатар кардани раванди татбиқи қонунгузорӣ ва афзоиши қарзҳои ипотекӣ лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи ипотека” таҳия ва ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод шудааст.

Дар Бонки миллӣ таъкид доштанд, ки дар тағйирот такмили заминаи ҳуқуқӣ бобати амволи ба гарав гузошташуда пешбинӣ шудааст.

Тобистони ҳамин сол раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ дар нишасти хабарӣ изҳор дошта буд, ки ояндаи наздик ворид кардани тағйирот ба қонун дар назар буда, зимнан гузаштани амволи гарав ба ихтиёри бонк бидуни баҳси судӣ пешбинӣ шудааст.

Ба қавли ӯ, пас аз қабули тағйирот, бонки мазкур ба пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ оғоз мекунад.

“Бисёре аз қарзгирандагон ба масъалаи баргардонидани он ҷиддӣ муносибат надоранд. Аз ин рӯ, бонкҳо ба мушкилоти молиявӣ дучор мешаванд. Маҳз баргардонида нашудани қарзҳо боиси мушкилоти молӣ дар баъзе бонкҳо шуд”, - гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки аз 17 бонки ҷумҳурӣ айни замон танҳо дар 2-тоаш ва боз дар 1 ташкилоти қарзии хурд: “Аввалин бонки молиявии хурд”, “Спитамен Бонк” ва ТҚХ “Ҳумо” барои хариди манзил (ипотека) метавон қарз гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.