Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” тағйиротро дар қонун мунтазир аст, то ки ба қарздиҳӣ барои ипотека оғоз намояд.

“Тавре медонед, қарзҳо барои ипотека дарозмуҳлатанд, яъне ба муҳлати на камтар аз 10 сол, - қайд кард раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе. - Агар мо саҳмгузориҳои амонатиро ба муҳлати 10 сол дарёфт кунем, метавонем қарзҳои 10-сола пешниҳод намоем”.

Ғайр аз ин, таъкид дошт ӯ, “Амонатбонк” ҳамчунин дар ҳаҷми 417 млн. сомонӣ сармоя дар ихтиёр дорад.

“Ин бевосита маблағҳои мо буда, қисмате аз онро низ метавонем ба қарздиҳӣ барои ипотека равона созем”, - иброз дошт номбурда.

Бино ба гуфтаи ӯ, ояндаи наздик аз ворид шудани тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи ипотека” интизорӣ меравад, ки дар он бидуни баҳси судӣ ба ихтиёри бонк гузаштани амволи ба гарав гузошта пешбинӣ мешавад.

Роҳбари бонки давлатӣ таъкид намуд, ки дар сурати қабули тағйироту иловаҳо ба қонуни зикршуда, “Амонатбонк” ба қарздиҳӣ барои ипотека оғоз мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.