Ҳаҷми истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон тӯли 9 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,2% афзуд.
Тавре Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар медиҳад, истеҳсоли нуқра дар ин давра 36,9% зиёд шудааст.
Дар афзоиши ҳаҷми истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо саҳми корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чин “Зарафшон” ва “Пакрут”, ҳамчунин корхонаи муштараки Тоҷикистону ИМА “Анзоб”, ҶДММ “Шимшо” ва ҶДММ “Гули Мурод” қайд мешавад.
Металлҳои қиматбаҳои истеҳсолшударо Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молия ва корхонаҳои заргарии кишвар мехаранд.
Мувофиқи пешгӯиҳои Вазорати саноат, дар муқоиса бо соли гузашта истеҳсоли тилло соли равон 10% ва нуқра 4,3% зиёд мешавад.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон рекорди навбатӣ гузоштанд: беш аз 6,4 тонна тилло истеҳсол шуд.
Соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли ин металли гаронбаҳо дар Тоҷикистон нисбат ба соли пешин қариб 17% афзуд.
Тайи панҷ соли охир ҳаҷми истеҳсоли тилло дар кишвар беш аз 3 маротиба – аз 2 то 6,4 тонна зиёд шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати саноат, Тоҷикистон захираҳои бойи тилло дорад. Дар ҷумҳурӣ 137 кон бо захираҳои ҳисобшудаи тиллои саноатӣ ва 127 кон бо захираҳои тиллои ғайрисаноатӣ мавҷуданд.
Конҳои асосии тиллои Тоҷикистон бо захираҳои тавозунӣ дар қисмати марказии ҷумҳурӣ воқеъ мебошанд.
Дар ҷумҳурӣ ба истихроҷи тилло асосан корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин “Зарафшон” машғул аст, ки наздики 70% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ин металли гаронбаҳо ба ҳиссаи он рост меояд.
Айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли тилло машғуланд, ки дар қатори КМ “Зарафшон”, бузургтарини онҳо КМ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина» ва ширкати «Пакрут» мебошанд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/273198/%D0%B4%D0%BE%D0%B1%D0%B0%D1%87%D0%B0.jpg)
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Команды, регламент и даты. Каким в Таджикистане будет новый футбольный сезон?
Жителя Вахдата заподозрили в растлении несовершеннолетних
Зеленский в Мюнхене отказался подписать соглашение на передачу США 50% полезных ископаемых Украины
В Таджикистане внедряют производство обогащённой муки, но процесс затянулся
Таджикские бизнесмены из России построили в Хатлоне соцобъекты на $1 млн
Как цифровая экосистема помогает финансовой инклюзии и поддержке предпринимательства в Таджикистане
«Ограбление и расправа». В Генпрокуратуре Таджикистана объяснили мотивы серийных убийств в Канибадаме
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Нарушающие эстетику решетки, главные должники в стране и 26 лет за нападение на муфтия
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 15 февраля 2025 года
Хамро Таирова – самая успешная женщина в не женском деле
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста