Қонуни федералӣ “Дар бораи тасдиқи Протокол оид ба ворид кардани тағйирот ба Созишнома байни ҳукумати Русия ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2013” рӯзи 4-уми ноябр аз ҷониби Владимир Путин имзо шуд. Дар ин бора торнамои расмии Кремл хабар медиҳад.
Қонуни мазкур рӯзи 17-уми октябр дар Думаи давлатӣ пазируфтаву 23-юми октябри ҳамин сол аз ҷониби Шӯрои Федератсия маъқул дониста шуд.
Мувофиқи тағйирот ба созишнома, Тоҷикистон уҳдадор мешавад, ҳамасола то 5-уми сентябр ҳаҷми маҳсулоти нафтии дархостиро муайян сохта, ба Русия пешниҳод кунад, то он дар соли оянда аз пардохти боҷи гумрукӣ озод шавад.
Мақомоти салоҳиятдори ду кишвар то 1-уми октябр ҳаҷми истифодаи дохилиро дар Тоҷикистон барои соли минбаъда мувофиқа карда, тавозунҳои индикативиро ба имзо мерасонанд.
Ба ҷуз ин, ҳамасола то 15-уми ноябр ҷониби Русия бояд дар бораи иҷрои тавозунҳои индикативӣ дар 9 моҳ ва амалисозии нақшавии онҳо дар соли ҷорӣ маълумот гирад.
Ҳаҷми маҳсулоти нафтии бе боҷ барои соли ҷорӣ то 20-уми август бо назардошти истеъмоли дохилӣ дар қаламрави Тоҷикистон тағйир ёфта метавонад.
Қобили зикр аст, ки бар асоси созишномаи соли 2013 баимзорасида, Тоҷикистон маҳсулот нафтии Русияро бидуни боҷ дастрас мекунад.
То ин дам Тоҷикистон муддати се сол бо назардошти боҷҳои гумрукӣ аз Русия маҳсулоти нафтӣ ворид мекард, ки ба нархи чаканаи он дар бозори дохилии ҷумҳурӣ таъсир мерасонд.
Моҳи майи соли 2010 Русия барои кишҳварҳое, ки он замон шомили Иттиҳоди гумрукӣ набуданд, боҷи содиротӣ ҷорӣ кард. Қаблан Тоҷикистон бо меъёри сифр аз Русия маҳсулоти нафтӣ мегирифт.
Пас аз гуфтушунидҳои сесола ба Тоҷикистон муяссар шуд, ки воридоти бе боҷи сӯзишворӣ аз Русияро барқарор кунад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Землетрясение в Турции стало самым сильным за 80 последних лет. Вот как выглядят его последствия
МИД Казахстана отреагировал на вызов казахстанского СМИ в российский суд
В Таджикистане с 1 марта повысят зарплату военным и силовикам
Эмомали Рахмон направил телеграммы соболезнования президентам Турции и Сирии
В Турции зафиксировали новое сильное землетрясение
"ПамирЭнерджи" объявляет тендер на строительство ЛЭП
Посольство Таджикистана в Турции активировало горячую линию
В «Таджикматлубот» сообщили, когда в Таджикистане перестанет дорожать лук
В результате землетрясения в Турции и Сирии погибли более 1200 человек
Как живут внутренние мигранты в Хуросоне?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста