Дар Тоҷикистон соли гузашта ҳудуди 8,1 тонна тилло истеҳсол шуд, ки дар таърихи кишвар ҳаҷми рекордӣ мебошад.
Нисбат ба соли 2018 (ҳудуди 6,5 тонна) ҳаҷми истеҳсоли ин навъи металли гаронбаҳо дар кишвар ба андозаи 16,9% афзуд. Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ҳамчунин нисбат ба соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли нуқра низ дар соли 2019 ба андозаи 17% зиёд шудааст.
Тайи солҳои охир ҳаҷми истеҳсоли тилло дар кишвар беш аз 4 маротиба – аз 2 тонна дар соли 2014 то ба 8,1 тонна дар соли 2019 афзуд.
Қаблан дар Вазорати саноат хабар дода буданд, ки тайи 5 соли охир афзоиши солонаи истеҳсоли тилло ба ҳисоби миёна 20%-ро ташкил дода, солҳои наздик нигоҳ доштани афзоиш дар ҳамин сатҳ ба нақша гирифта шудааст.
Дар Вазорат бар ин назаранд, ки ҷиҳати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли тилло дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби амалисозии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар конҳои Таррор, Чоре ва Пакрут шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар Тоҷикистон чӣ қадар тилло ҳаст?
Таъкид мешавад, ки дар Тоҷикистон захираҳои зиёди тилло мавҷуд аст. Дороиҳои тиллои Тоҷикистон аз 137 кон бо захираҳои ҳисобшудаи тиллои саноатӣ ва 127 кон бо захираҳои тиллои ғайрисаноатӣ иборат аст. Конҳои асосии тиллои Тоҷикистон бо захираҳои тавозунӣ дар қисмати марказии ҷумҳурӣ воқеъ мебошанд.
Бино ба маълумоти Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон, ҳаҷми захираи тасдиқшудаи тилло дар конҳои ҷумҳурӣ наздики 500 тоннаро ташкил медиҳад.
Кӣ онро истихроҷ мекунад?
Корхонаи асосии истихроҷ ва истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – «Зарафшон» ба шумор меравад, ки аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ин металли гаронбаҳо наздики 70%-и ҳиссааш ба он рост меояд.
Ба сурати умум дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо машғуланд, ки бузургтарини онҳо дар баробари КМ «Зарафшон», КМ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина» ва ширкати «Пакрут» мебошанд.
Соли гузашта дар қаламрави ноҳияи Айнӣ ширкати ТВЕА-и Чин ба коркарди ду кони тилло оғоз кард. Ҳуқуқи истифода аз ин конҳо ба ширкати Чин барои ҷуброни маблағи масрафкардааш дар бунёди Маркази барқу гармидиҳии Душанбе дода шудааст.
Ба шахсони воқеӣ низ истихроҷи тилло иҷоза шуд
Соли гузашта ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи тиллои реза ва сангҳои қиматбаҳо иҷоза дода шуд.
Тартиби додани иҷозатнома ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи тилло ва сангҳои қиматбаҳоро ҳукумати Тоҷикистон 27-уми ноябри соли 2019 тасдиқ кард.
Мувофиқи ин қарор ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки мустақилона дар асоси қонунӣ ба ҷустуҷӯ ва истихроҷи тилло машғул шаванд. Шаҳрвандони кишвар дар қаламравҳое, ки дар ихтиёри ин ё он корхонаву ширкат қарор надоранд, метавонанд озодона ба истихроҷу дарёфти тилло машғул шаванд ва барои он иҷозати Вазорати молияро гирифтан зарур аст.
Барои истихроҷи тилло дар қаламравҳои муайян иҷозат дода мешавад. Ин қаламравҳо набояд ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ тааллуқ дошта бошанд ва дар онҳо эҳтимоли мавҷудияти ин металл бояд зиёд бошад. Масалан, водиҳои дарёҳои Зарафшон, Панҷ, Язғулом, Ванҷ, Бартанг ва ғайра.
Тиллои дарёфтшударо шахс метавонад озодона ба сохторҳои давлатии молиявӣ фурӯшад. Нархи харидории тилло аз аҳолиро Вазорати молия муқаррар мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Нацбанк предупредил таджикистанцев о фальшивых и «шуточных» сомони
Первые признаки подростковой анорексии. Как понять, что твой ребенок болен и к каким врачам идти?
Таджикистан присоединится к Международному союзу охраны природы
«Умная и жесткая». Кэролайн Ливитт станет самым молодым пресс-секретарем президента в истории США
Детей мигрантов, получающих гражданство России, обяжут приносить присягу с 14 лет
XVI сессия Верховного Совета: первые непростые шаги Таджикистана к независимости
Едят насекомых и с рождения владеют кунг-фу: топ-5 самых популярных стереотипов о жителях Китая
В Абхазии протестующие против соглашения с Россией потребовали отставки президента непризнанной республики
Высокая нагрузка в школе и мало поддержки в семье. В ВОЗ обратили внимание на трудности подростков в ЦА
«Мигрант Медиа»: В Душанбе задержали граждан Туркменистана с поддельными паспортами
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста