Сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон Илҳомҷон Оймаҳмадзода зимни нишасти хабарии имрӯза иттилоъ дод, ки Тоҷикистон дорои захираҳои ғании тиллову нуқра, металлҳои сиёҳу ранга ва қиматбаҳо, сангҳои нодиру қиматбаҳо ва ороишотӣ мебошад.
“Соли гузашта дар Тоҷикистон тиллову ангишт, омехтаи регу шағал, ашёи хоми истеҳсоли семент, оҳаксанг, санги регӣ, газ ва нафт истеҳсол шуд, - гуфт ӯ. - Соли 2019 ба Комиссия оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки кишвар барои баррасӣ ва баргузории ташхис 44 ҳисобот пешниҳод гардид”.
Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷа захираҳо аз рӯйи категорияҳои гуногуни канданиҳои фоиданок ҳисобу китоб карда шуданд.
Соли гузашта ба шахсони воқеӣ иҷоза доданд, ки дар қитъаҳои ҳисобнашуда ва дар тавозуни давлатии захираҳо сабтнашуда тилло ва дигар канданиҳои фоиданок истихроҷ кунанд.
Марбут ба ин масъала дар Саридораи геология харитаи маҳалро барои истихроҷи тилло аз ҷониби шахсони хусусӣ дар 5 минтақаи кишвар таҳия карданд. Айни замон дар 40 кон тилло истихроҷ мешавад.
Оймаҳмадзода ҳамчунин хабар дод, ки дар бораи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ бо 48 ширкат шартномаҳо баста шудааст. Фонди иттилооти геологӣ дар бораи боигариҳои зеризаминӣ аллакай ба ширкатҳо доир ба омӯзиши як қатор конҳо маълумотномаҳои дахлдор пешниҳод кард.
Бино ба маълумоти ӯ, ҳаҷми захираи нафт дар кишвар беш аз 2,6 млн. тонна ва газ беш аз 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Хамро Таирова – самая успешная женщина в не женском деле
Судебные приставы выдворили из России рекордное количество иностранцев в 2024 году
«Русмостранс» доставит грузы из России в Таджикистан легально
Молодых предпринимателей в Узбекистане поддержат льготными кредитами
Таджикистан подписал соглашений на $812 млн для достройки Рогунской ГЭС
Как Таджикистан теряет наследие Великого Шелкового пути
В коррупции в Минобороны Таджикистана обвинены еще 26 госслужащих
Судья в США обязал администрацию Трампа возобновить программы внешней помощи
5 самых новых и дорогих автомобилей 2024 года: роскошь, мощь и инновации
В Самарканде в апреле пройдет первый саммит Европейский союз — Центральная Азия
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста