“Сохтмони чунин иншооти бузург ба монанди нерӯгоҳи барқи обии Роғун танҳо аз ҳисоби маблағгузории буҷет ғайриимкон аст”, - изҳор дошт вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе.
Ӯ қайд кард, ки айни замон оид ба ҷалби маблағҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ гуфтушунидҳо ҷараён доранд.
“Шароитеро, ки чанде аз онҳо ба мо пешниҳод мекунанд, омӯхта истодаем”, - иброз дошт вазир.
Ба гуфтаи ӯ, маблағҳои ҷалбшуда аз ҳисоби ҷойгир кардани коғазҳои қиматнок (евробондҳо) дар бозорҳои байнулмилалии молиявӣ аллакай пурра масраф шудааст.
“Масъалаи нашри нави коғазҳои қиматнок барои маблағгузорӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун алҳол баррасӣ намешавад”, - гуфт Қаҳҳорзода.
Вазир таъкид дошт, ки чун соли 2019 дар соли ҷорӣ низ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз буҷети давлатӣ 2,1 млрд сомонӣ маблағ равона мешавад.
“Барои тамоми иқтисоди кишвар ин иншооти хеле муҳим ба шумор рафта, баҳри анҷоми сохтмони он дар муҳлатҳои пешбинишуда давра ба давра маблағгузорӣ сурат мепазирад”, - қайд кард вазири молия.
Вазир тасдиқ кард, ки ҶСК “НБО Роғун”-и барои идомаи бунёди нерӯгоҳ таъсисёфта назди паймонкорон ва молрасонон қарздор аст.
“Ҷамъият ҳам дар қаламрави шаҳри Роғун ва ҳам дар дигар қисматҳои ҷумҳурӣ баъзе иншоот дар ихтиёр дорад, ки дар ҷараёни сохтмон дигар аҳаммияти худро гум кардаанд. Агар ин ё он иншоот минбаъд дар ҷараёни сохтмони нерӯгоҳ истифода нашавад, беҳтараш онро фурӯхтан лозим аст, то ки қарзҳои мавҷуда қадре кам карда шаванд”, - афзуд Қаҳҳорзода.
Ёдрас мекунем, ки охири моҳи январ директори генералии ҶСК “НБО Роғун” Хайрулло Сафарзода ба аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, ки Ҷамъият назди ширкатҳои паймонкор, молрасон ва хизматрасони ватаниву хориҷӣ беш аз 1 млрд сомонӣ (103 млн доллар) қарздор аст.
Директори генералӣ гуфт, ки сохтмони иншооти нерӯгоҳ ба маблағгузории минбаъдаи устувор ниёз дорад.
Сафарзода пешниҳод кард, қисмате аз дороиҳои ҶСК “НБО Роғун”, ки дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷойгиранду истифодаи онҳо аз рӯйи таъинот ғайриимкон мебошад, фурӯхта шаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Сделаем Америку снова Мексиканской. В Мехико ответили Трампу на желание переименовать залив
Экс-президент Грузии получила стипендию Киссинджера в Институте Маккейна
Правительство Таджикистана установило квоты на сбор ферулы и солодки в 2025 году
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 9 января 2025 года
Нужно учредить премию имени «Мухтор-ака» и «Сына казикалона». К 110-летию Асли Бурхонова
В Южной Корее отклонили законопроекты о расследовании в отношении президента
Генпрокуратура возбудила дело за производство контрафактного алкоголя в Душанбе
Трамп: понимаю Россию, Дания должна отдать Гренландию, Канада — стать 51-м штатом
В Иране отказались от нового законопроекта о принудительном хиджабе
Более 80 000 мигрантов выдворили из России в 2024 году
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста