Судиҷрочиён 56,3 млн сомонӣ қарзи Раҷабалӣ Одинаев, собиқ роҳбари ширкати “Умед-88”-ро баргардониданд: ин маблағ ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун равона шуд.

Илёс Идрисзода, сардори Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки Суди олӣ зиёни аз ҷониби Раҷабалӣ Одинаев расонида ба буҷети кишварро дар маҷмӯъ 171 млн сомонӣ муайян кард.

“Аз ин миқдор 56,3 млн сомонӣ (тақрибан 5,7 млн доллар) тариқи пули нақд, амволи манқул ва ғайриманқул баргардонида шуда, судиҷрочиён дар талошанд, ки маблағи боқимондаи қарзро баргардонанд”, - қайд кард Идрисзода.

Ёдрас мекунем, ки раҳбарияти ширкати «Умед-88» моҳи октябри соли 2017 дарҳол баъди интиқоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо соҳибкорон боздошт шуд.

Он замон зимни суханронӣ Президенти Тоҷикистон изҳор намуда буд, ки «вазорати молия бо тарзҳои нофаҳмо ба ширкати «Умед-88» аз буҷети давлатӣ 170 млн. сомонӣ воситаҳо ҷудо карда, ин ширкат муддати 4 сол аст, ки маблағҳоро ба давлат баргардонида наметавонад”.

Суди олӣ Раҷабалӣ Одинаевро мутобиқи моддаҳои 247 (Қаллобӣ), 289 (Қочоқ), 292 (Саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) гунаҳкор эътироф намуда, ба 24 соли зиндон маҳкум кард. Директори ширкат Идибек Ибрагимов ба 22 соли зиндон маҳкум шуд.

Ширкати “Умед-88” муддати беш аз 20 сол ба воридот ва фурӯши чаканаи маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон машғул буд. Ширкат асосан аз Русия ва Қазоқистон бензин ва сӯзишвории дизелӣ ворид мекард, ки минбаъд дар зиёда аз 70 нуқтаи фурӯши сӯзишвории ширкат дар саросари ҷумҳурӣ фурӯхта мешуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.