Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз якчанд созишномаи бунёди роҳи мошингардро аз канори нерӯгоҳи Роғун тасдиқ кард. Бунёди роҳ охири соли 2025 пурра ба итмом мерасад.
Мувини вазири молияи ҷумҳурӣ Юсуф Раҷабӣ ба вакилон хабар дод, ки бунёди роҳи нав аз лиҳози манфиатҳои миллӣ ва минтақавӣ барои ҳукумати Тоҷикистон афзалияти стратегӣ ба шумор меравад.
Ба гуфтаи ӯ, ин роҳ қисмате аз долони муҳими байнулмилалӣ буда, дастрасӣ ба имконоти иқтисодӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоиро барои 17 маҳаллаи аҳолинишини кишвар таъмин мекунад.
Барои амалисозии лоиҳа ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ 350 млн доллар маблағ ҷудо карда, ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон 28 млн долларро ташкил медиҳад.
Дар лоиҳа сохтмони ҳудуди 75 километр роҳи духата, якчанд пул ва нақбҳо пешбинӣ шудааст.
Юсуф Раҷабӣ таъкид дошт, ки барои татбиқи лоиҳа Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба сифати қарз 150 млн доллар, Фонди рушди байнулмилалии ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) – 40 млн, Бонки осиёии зерсохтор ва сармоягузорӣ – 50 млн ва Бонки осиёии рушд ба сифати грант 110 млн доллар маблағ ҷудо мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки ин роҳ байни Обигарм ва Нуробод аз канори обанбори нерӯгоҳи Роғун сохта мешавад. Қитъаи пешинаи роҳ бо тадриҷан пур шудани обанбори нерӯгоҳ зери об мемонад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Таджикский спортсмен Обид Джебов получил в Японии приз за лучшую технику
«У нас нет сил, чтобы вернуть их». Зеленский — о Крыме и Донбассе
Талибы договорились теперь и с Ташкентом о поставках электроэнергии в 2025 году
Всемирный банк даст Таджикистану $350 миллионов на достройку Рогунской ГЭС
В Госдуме призвали ввести визы для мигрантов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 19 декабря 2024 года
В Таджикистане возобновился процесс над известными политическими деятелями
Высокие и неудобные. Столицы стран Центральной Азии растут вверх, но становятся некомфортными для людей
Эмомали Рахмон вновь избран председателем Народной демократической партии Таджикистана
В Шахристане четверо детей отравились угарным газом. Двое из них погибли
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста