Мутахассисони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) бар ин назаранд, ки каср (камбуд)-и буҷети давлатии Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат баланд боқӣ мемонад.
Тахмини худро онҳо бо идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун асоснок мекунанд. Пешгӯии онҳо бар он асос ёфтааст, ки амалисозии ин лоиҳаи бузург ба афзоиши ноустувори қарзи давлатӣ боис мегардад.
“Дар робита ба идомаи амалисозии лоиҳаи бузурги сохтмони нерӯгоҳи Роғун касри буҷет дар давраи миёнамуҳлат баланд боқӣ монда, ба афзоиши ноустувори қарз оварда мерасонад”, - гуфта мешавад дар изҳороти Шӯрои иҷроияи Хазина.
Дар изҳорот қайд мешавад, ки қарзи давлатии Тоҷикистон дар соли гузашта танҳо аз он сабаб устувор буд, ки маблағи боқимонда аз ҳисоби фурӯши коғазҳои қиматнок (евробондҳо) ҳунӯз вуҷуд дошт.
Коршиносони Хазина аз ҳукумати кишвар боисрор даъват мекунанд, ки аз ҷалби қарзҳои беимтиёз даст кашида, стратегияи идоракунии қарзро бо дастгирии техникии ХБА ҷиҳати идоракунии хавфҳо дар лоиҳаҳои бузург ва корхонаҳои давлатӣ ҷорӣ созад.
Касри ҳадди ниҳоии буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2020 дар ҳаҷми 0,4%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ё худ наздики 350 млн сомонӣ (беш аз 36 млн доллар) муқаррар шудааст.
Соли 2019 касри буҷети кишвар дар ҳаҷми 0,5% нисбат ба ММД ё худ 391 млн сомонӣ муқаррар шуда буд.
Аммо охири соли гузашта лозим омад, ки ба қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019” тағйирот ворид карда, ҳаҷми каср се маротиба – то 2% зиёд карда шавад.
Қабули чунин қарорро вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода он замон ба вакилони парлумон чунин шарҳ дод, ки барои ба истифода додани агрегати дуюми нерӯгоҳи Роғун аз маблағи пешбинишуда зиёдтар сарф кардан зарур буд.
“Дар ниҳояти кор ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз ҳисоби фурӯши евробондҳо ва захираҳои металл ва сангҳои қиматбаҳо маблағҳои иловагӣ равона шуданд”, - гуфта буд вазири молия.
Чун соли 2019 дар соли ҷорӣ низ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз буҷети давлатӣ 2,1 млрд сомонӣ маблағ равона мешавад.
Дар ҳамин ҳол, зимни нишасти матбуотии рӯзи 13-уми феврал вазири молия хабар дод, ки айни замон оид ба ҷалби маблағҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун гуфтушунидҳо ҷараён доранд.
“Сохтмони чунин иншооти бузург ба монанди нерӯгоҳи барқи обии Роғун танҳо аз ҳисоби маблағгузории буҷет ғайриимкон аст”, - изҳор дошт Файзиддин Қаҳҳорзода.
Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли 2017 ҳукумати Тоҷикистон коғазҳои қиматнок (евробондҳо)-ро дар бозори байнулмилалӣ ҷойгир карда, аз ин ҳисоб 500 млн доллар маблағ ба даст овард.
Зикр гардид, ки маблағи мзкур аз ин ҳисоб аллакай пурра барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ масраф шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ба аввали соли равон қарзи берунаи Тоҷикистон 2 млрд 888,4 млн долларро ташкил дод, ки ба 35,8% ММД-и кишвар баробар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Нацбанк предупредил таджикистанцев о фальшивых и «шуточных» сомони
Первые признаки подростковой анорексии. Как понять, что твой ребенок болен и к каким врачам идти?
Таджикистан присоединится к Международному союзу охраны природы
«Умная и жесткая». Кэролайн Ливитт станет самым молодым пресс-секретарем президента в истории США
Детей мигрантов, получающих гражданство России, обяжут приносить присягу с 14 лет
XVI сессия Верховного Совета: первые непростые шаги Таджикистана к независимости
Едят насекомых и с рождения владеют кунг-фу: топ-5 самых популярных стереотипов о жителях Китая
В Абхазии протестующие против соглашения с Россией потребовали отставки президента непризнанной республики
Высокая нагрузка в школе и мало поддержки в семье. В ВОЗ обратили внимание на трудности подростков в ЦА
«Мигрант Медиа»: В Душанбе задержали граждан Туркменистана с поддельными паспортами
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста