Айни замон қурби муқарраркардаи Бонки миллӣ барои 1 доллари ИМА то ба 10,2 сомонӣ расид ва ин ҳам дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш он 9,70 сомониро ташкил медод.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, сабабҳои асосии баланд шудани қурби фурӯши доллари нақди ИМА зиёд шудани талабот ба он дар бозори дохилии асъор, афзоиш ёфтани тавозуни манфии савдои кишвар, коҳишёбии вуруди интиқолҳои пулӣ дар ин давра ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор ва ғайра мебошад.

Дар маълумот таъсири манфии вазъи имрӯзаи ноустувори иқтисоди ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон низ зикр мешавад.

Гуфта мешавад, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хуруҷ ва паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири он ба иқтисодиёти ҳамаи давлатҳо, аз ҷумла, кишварҳои тараққикарда, зиёд шудани лапишҳо дар бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ, номуайяниҳо дар сиёсати иқтисодии ҷаҳон, ба маротиб паст шудани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ таҳдидҳои навро ба миён оварданд, ки бевосита таъсири манфии худро ба иқтисоди Тоҷикистон мерасонанд.

Зикр мешавад, ки бо назардошти вазъи номуътадили иқтисоди ҷаҳонӣ, дар ин давра қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон низ ноустувор гаштааст. Аз ҷумла, қурби рубли Русия – 24,7 фоиз, рубли Беларус – 15,8 фоиз, тангаи Қазоқистон – 14,8 фоиз, лираи Туркия – 8,6 фоиз, соми Қирғизистон – 4,7 фоиз нисбат ба доллари ИМА коҳиш ёфтаанд.

“Қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрибонкӣ 6,2 фоиз баланд шуда (аз 9,79 сомонӣ дар аввали сол то ба 10,40 сомонӣ дар санаи 19-уми март), нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3 фоиз зиёд мебошад”, - омадааст дар маълумот.

Айни ҳол Бонки миллии Тоҷикистон баҳри коҳиш додани фишорҳои қурбӣ дар бозори дохилии асъор, бо истифода аз тамоми манбаъ, имконияту воситаҳо, аз ҷумла, механизми хариду фурӯши рубли русӣ, иҷрои уҳдадориҳои бо асъори хориҷӣ ифодаёфтаро таъмин карда истодааст.

Қобили зикр аст, ки дар аввали даҳаи дуюми моҳи март ноустувории қурби асъор дар бозори дохилӣ оғоз шуд. Поинравии қурби рубл нисбат ба доллар бар асари коҳиши нархи нафт боиси чунин ҳолат гардид. 

Зимнан қурби расмии рубли Русия нисбат ба асъори миллии Тоҷикистон аз 0.1413 сомонӣ то 0.1288 сомонӣ поин рафт.

Дар ҳамин ҳол, дар бонкҳои Тоҷикистон рӯзҳои охир доллари ИМА ва рубли Русия фурӯхта намешаванд.

Кормандони бонкҳо ин масъаларо чунин шарҳ медиҳанд, ки дар навбати худ ин навъи асъорро аз мизоҷон ва Бонки миллӣ намегиранд.

Бо истифода аз чунин вазъ шахсоне, ки ғайриқонунӣ ба мубодилаи асъор сарукор доранд, долларро бо қурби 10,40-10,60 сомонӣ фурӯхта истодаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.