Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини суботи иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар дар шароити ҳозираи буҳронӣ аз Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) қарзи дарозмуҳлати имтиёзнок гирифтанист.
“Дар ин самт мо бо ХБА гуфтушунид дорем ва умедворем, ки ба наздики ин кумаки молиявиро дастрас мекунем”, - хабар дод имрӯз ба журналистон вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар Душанбе.
Вазир дар бораи ҳаҷми кумак чизе нагуфт, аммо қайд кард, ки ин қарз ба муҳлати 10 сол бо давраи имтиёзноки 5-сола хоҳад буд.
“Ҳарчанд ин қарз бошад ҳам, он дарозмуҳлати имтиёзнок бо меъёри фоизи сифр аст”, - иброз дошт вазир.
Ӯ таъкид дошт, ки дар мавриди дастрас кардани кумаки молиявӣ Тоҷикистон имрӯз қариб бо ҳамаи ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ гуфтушунид дорад.
Вазири молия қайд кард, ки аксари ниҳодҳо аллакай ба ҷудо кардани кумаки молиявӣ баҳри муқовимат бо коронавирус дар саросари дунё изҳори омодагӣ карданд ва табиист, ки Тоҷикистон ҳам барои истифода аз он кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
Ба гуфтаи Қаҳҳорзода, барои ҳукумати Тоҷикистон дар вазъи ҳозира ҳифзи солимии аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз масъалаҳои афзалиятнок ба шумор мераванд.
Зикр шуд, ки айни замон муайянсозии чӣ қадар лозим будани маблағгузорӣ ба кишвар барои рафъи оқибатҳои буҳрони марбут ба коронавирус хеле душвор аст.
“Баҳри таъмини соҳаи тандурустӣ бо таҷҳизоту маводи тиббӣ ва дорувории зарурӣ, инчунин таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамаҷониба тадбирҳо меандешем. Табиист, ки ба кумаки созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ниёз дорем ва кӯшиш хоҳем кард, ки ба чунин маблағгузорӣ дастрасӣ пайдо кунем”, - афзуд вазири молия.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Таджикистане ужесточили контроль за весом грузовиков
Акции «Рогунской ГЭС» были проданы 15 лет назад. Ждать ли дивиденды?
В Таджикистане подорожала плата за услуги детских садов
В Душанбе задержали лже-милиционеров – один мошенничал, другая нарушала общественный порядок
Премьер Канады заявил об уходе в отставку. Трамп предложил стране стать 51-м штатом США
Северная Корея заявила о способности новой гиперзвуковой ракеты преодолеть любую ПРО
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 7 января 2025 года
Что ждут душанбинцы от 2025 года?
В Китае выявлен метапневмовирус. Он уже пришел в Центральную Азию, а в Таджикистан?
Две книги и три рекомендации. Как стать членом Союза писателей Таджикистана?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста