Дар гузориши макроиқтисодии Мудирияти умури таҳлилии Бонки авруосиёии рушд (БАОР) оид ба Тоҷикистон қайд мешавад, ки ба рушди иқтисод оқибатҳои манфии хуруҷи коронавирус, ки ба коҳиши талаботи берунуа боис мегарданд, таъсири манфӣ мерасонанд.
Гуфта мешавад, афзоиши хароҷоти буҷет ба соҳаи иҷтимоӣ ва зиёдшавии ҳаҷми истеҳсол дар саноати металлургӣ ба рушди иқтисод мусоидат мекунанд.
Дар гузориш зикр мегардад, ки соли 2019 рушди иқтисоди Тоҷикистон то 7,5% (соли 2018 – 7,3%) афзуд.
Таҳлилгарони бонк қайд мекунанд, ки талаботи зиёди истеъмолӣ, инчунин афзоиши истеҳсолот дар соҳаҳои комплекси кӯҳкориву металлургӣ ва бахши кишоварзӣ омилҳои асосии рушди иқтисод гардида буданд.
Зикр мешавад, ки зери таъсири болоравии нархҳо ба маҳсулоти ғизоӣ, сатҳи таваррум аз рӯйи натиҷаҳои соли 2019 то ба 8% (дар соли 2018 – 5,4%) расид.
Тибқи пешгӯйии БАОР, поинравии арзиши барқ ва маҳсулоти ғизоӣ дар хориҷи кишвар ба нигоҳдории мизони таваррум дар наздикии фосилаи ҳадафноки (6+/-2%) дар солҳои 2020-2022 муоидат мекунад.
Корманди шуъбаи таҳлили иқтисодии БАОР Константин Федоров таъкид месозад, ки дар дурнамои миёнамуҳлат дар Тоҷикистон хавфҳои сустшавии фаъолнокии иқтисодӣ бар асари оқибатҳои хуруҷи коронавирус афзалият хоҳанд дошт.
Ӯ илова кардааст, ки номусоидии муҳити иқтисодӣ дар берун аз ҳудуди кишвар ба ҳаҷми интиқоли пул аз хориҷа ва даромад аз содирот таъсири манфӣ мерасонад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
«Я не ищу признания, я хочу передать знания». Камолуддину Абдуллаеву - 75 лет
СМИ: Россия и США уже несколько месяцев ведут тайные переговоры
В Китае вирусологи выявили у летучих мышей новый коронавирус
Власти возобновили расследование дела сотрудников "Агроинвестбанка" спустя три года
Банк «Эсхата» выбрал певца Фарруха Хасанова своим амбассадором в 2025 году
Как в таджикском селе, где нет электричества, жители используют энергию солнца
Агент Кова Тилавпур объяснил, почему игроки с таджикскими корнями из РФ не играют за сборную Таджикистана
Как выбрать автомобиль для девушки? Полный гид с советами эксперта
Замглавы Исфары оштрафован за продажу земли, но пока остается на своем посту – Агентство по борьбе с коррупцией Таджикистана
Аденома простаты, отсутствие эрекции и бесплодие: какие мужские болезни лечат в клинике «Евромед»?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста