Дар изҳороти сарвари маъмурии Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) Кристалина Георгиева гуфта мешавад, Шӯрои иҷроияи Хазина таъҷилан сабуксозии сарбории қарзи 25 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро тасдиқ кард.
“Бо хушнудӣ хабар медиҳам, ки рӯзи 13-уми апрел Шӯрои иҷроияи Хазина таъҷилан сабуксозии сарбории пардохти қарзро барои 25 кишвари узви ХБА дар доираи механизми бозбинишудаи ХБА – Фонди трастӣ барои маҳдудсозӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳо – ҳамчун қисмате аз тадбирҳои ҷавобии Хазина барои мусоидат ба бартараф сохтани оқибатҳои ҳамагирии COVID-19 тасдиқ кард”, - таъкид шудааст дар изҳороти роҳбари ХБА.
Гуфта мешавад, дар ин қарор пешниҳоди грантҳо ба кишварҳои камбизоаттарин ва бештар осебпазири узви ХБА барои пӯшонидани уҳдадориҳои қарзии онҳо назди ХБА дар давраи аввал муддати шаш моҳи минбаъда пешбинӣ шуда, ба онҳо ҷиҳати равона сохтани захираҳои бештари маҳдуди молиявии худ ба ёрии ҳаётан муҳими таъҷилии тиббӣ ва дигар кумакҳо мусоидат мекунад.
Айни замон Фонди трастӣ барои маҳдудсозӣ ва рафъи оқибатҳои фалокатҳо ҷиҳати сабуксозии пардохти қарз бар асоси грантҳо, бо шумули уҳдадории чанде қабли Шоҳигарии Муттаҳида ба маблағи 185 млн доллар, ҳамчунин 100 млн доллари аз ҷониби Ҷопон пешниҳодшуда дар шакли захираҳои фавран дастрас барои истифода наздики 500 млн доллар ҷудо карда метавонад.
“Дигар кишварҳо, аз ҷумла, Чин ва Ҳоланд низ дар бораи пулгузаронии назаррас хабар медиҳанд. Аз дигар кишварҳои мададрасон даъват мекунам, ки ба мо ҷиҳати афзоши Фонди трастӣ ва минбаъд баланд шудани имконот барои пешниҳоди сабуксозии иловагии сарбории пардохти қарз муддати ду соли тамом ба кишварҳои камбизоаттарини узви Хазина кумак кунанд”, - қайд мешавад дар изҳороти роҳбари ХБА.
Сабуксозии сарбории пардохти қарз ба ҷуз Тоҷикистон, ба кишварҳои зерин низ пешниҳод мешавад: Афғонистон, Бенин, Буркина-Фасо, Гаити, Гамбия, Гвинея, Гвинея-Бисау, Ҷазираҳои Комор, Яман, Ҷумҳурии Демократии Конго, Либерия, Мадагаскар, Малави, Мали, Мозамбик, Непал, Нигер, Руанда, Сан-Томе ва Принсипи, Ҷазираҳои Соломон, Серра-Леоне, Того, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ва Чад.
Қобили зикр аст, ки бақияи қарзи Тоҷикистон ба аввали соли равон андаке бештар аз 30 млн доллар (аз ҳисоби қарзи аз ҷониби Бонки миллӣ ҷалбшуда)-ро ташкил дод.
Ба сурати умум, ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон 2 млрд 888,4 млн долларро ташкил медиҳад, ки ба 35,8%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Марк Цукерберг: Facebook и Instagram отменят фактчекинг и «восстановят свободу выражения мнений»
Число жертв землетрясения в Тибете возросло до 126 человек. Эмомали Рахмон выразил соболезнования главе КНР
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 8 января 2025 года
Бердвотчеры: Зачем люди наблюдают за птицами?
В Душанбе открылся «Торговый дом Узбекистана» по строительным материалам
Дом, где все продумано до мелочей. В Рудаки строят дом премиум-класса
Эмомали Рахмон произвел кадровые перестановки: кто лишился постов, а кто получил новое кресло?
В Узбекистане осудили воевавших в Украине на стороне России
Дебют на Кубке Азии, Олимпиада в Париже, ЧМ в Душанбе. Чем запомнился таджикский спорт в 2024 году?
КЧС Таджикистана предупредил о густых туманах и лавиноопасности
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста