Вазорати молияи Тоҷикистон барои ҷалби қарзи давлатӣ дар ҳаҷми 300 млн сомонӣ коғазҳои қиматноки давлатиро дар шакли васиқа (вексел) ба муомилот мебарорад. Муҳлати васиқаҳои нашршуда 5 сол ва меъёри фоизи онҳо 2 дарсади солонаро ташкил медиҳад.

Дар ин хусус имрӯз дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ қарори дахлдор қабул гардид.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода қайд кард, ки маблағҳои иловагии ҷалбмешуда ба рӯйпӯш кардани касри буҷети давлатӣ равона мегарданд.

Ӯ қайд кард, ки коғазҳои қиматгноки нашршударо қонунгузории кишвар яке аз сарчашмаҳои ҷалби маблағҳо ба иқтисоди миллӣ, аз ҷумла, барои рӯйпӯш намудани касри буҷет муқаррар кардааст.

Ба гуфтаи вазири молия, дар шароити афзоиши талаботи иқтисоди миллӣ ба маблағҳои иловагӣ, бахусус, маблағгузорӣ ба бахшҳои иҷтимоӣ, истифодаи механизми мазкур мувофиқи мақсад мебошад.

Ӯ таъкид дошт, ки дар навбати худ давлат минбаъд хизматрасонӣ ва харидории ин коғазҳои қиматнокро кафолат медиҳад.

Зикр шуд, ки пас аз ба муомилот баровардани васиқаҳои нашршуда ҳаҷми умумии қарзи дохилӣ ба 7,2 млрд сомонӣ мерасад, ки ба 8,9%-и ММД баробар аст.

Дар умум, илова кард вазир, ҷалби ин маблағҳо ба сатҳи умумии қарзи давлатӣ таъсири назаррас намерасонад.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, ҳаҷми қарзи дохилии Тоҷикистон ба аввали соли равон 6,9 млрд сомонӣ ва ҳаҷми қарзи хориҷӣ ҳудуди 2,9 млрд долларро ташкил дод, ки мутаносибан ба 9,9% ва 35,8%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и соли гузаштаи кишвар баробар мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.