Дар давлатҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ коҳиши назарраси интиқоли маблағ аз Русия ба мушоҳида мерасад. Дар ин бора нашрияи амрикоии Bloomberg хабар додааст, ки АМИТ “Ховар” ба он истинод меоварад.

Гуфта мешавад, муддати даҳсолаҳо интиқоли маблағҳо аз Русия иқтисоди кишварҳои хориҷи наздикро дастгирӣ мекарданд, дар ҳамин ҳол, даромади баъзе давлатҳо то ба сеяки истеҳсолот мерасид. Дар навбати худ, Русия бо қабули қувваи кории арзон аз ин ҳолат бурд мекард.

Bloomberg маълумоти оморӣ меорад, ки мувофиқи он ҳаҷми интиқоли пул ба Гурҷистон нисбат ба моҳи апрели соли гузашта 40% коҳиш ёфта, дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои бештар вобаста ба интиқоли маблағ дар ҷаҳон мебошад, ин ҳаҷм моҳи марту апрел 50% кам шудааст. Дар Ӯзбекистон низ ба ҳамин монанд ҳолат (қариб то нисф) ба қайд гирифта шудааст.

“Барои аксари оилаҳои бештар осебпазир ин 100%-и даромадашон аст”, - шарҳ додааст инро иқтисодчии Бонки аврупоии таҷдиду рушд оид ба Осиёи Марказӣ Эрик Ливни.

Ба гуфтаи коршинос, бастани сарҳадҳо маънои “ду ё се баробар” шудани оқибатҳои таъсири коронавирус ба иқтисоди бархе аз кишварҳоро дорад.

“Шумо ба Русия ҳам рафта наметавонеду дар хона ҳам кор намеёбед. Ҳозир ва ояндаи наздик не”, - гуфтааст Ливни.

Зикр мегардад, ки ҳатто агар сарҳадҳо боз шаванд ҳам, муҳоҷирон дар шароити иқтисоде кор ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ки тайи 10 соли охир имсол чунин афтишро аз сар мегузаронад. Поинравии нархи ҷаҳонии нафт ва зарба аз коронавирус Русияро ба истифодаи захираҳо маҷбур мекунад. Ин маънои онро дорад, ки ба муҳоҷирон лозим меояд дар шароити камшавии даромадҳо ва афзоиши бекорӣ барои худ шуғле пайдо кунанд.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.