Барои оғози роҳандозии корҳо дар чанде аз лоиҳаҳо 250 нафар мутахассисони Чин ба Тоҷикистон меоянд.
Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, нимаи моҳи июли соли равон вохӯрии масъулон бо сафири Чин доир гардида, дар он масоили марбут ба тезонидани корҳои сохтмон дар доираи лоиҳаи "Бинои нави Парламент ва маҷмааи Ҳукумати Тоҷикистон”, марҳилаи сеюми лоиҳаи таъмиру навсозии роҳҳои дохилишаҳрии Бохтар ва Кӯлоб, қитъаи роҳи Кӯлоб- Муъминобод ва омодагӣ ба марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаи Хумб-Ванҷ баррасӣ шуданд.
Роҳбари намояндагии дипломатии Чин изҳор дошт, ки дар посух ба дархости ҳукумати Тоҷикистон ҷониби Чин аввали моҳи август сафарбарии 250 нафар мутахассисонро бо парвози аввалин ҷиҳати оғози корҳои сохтмон дар лоиҳаҳои зикргардида ба нақша гирифтааст.
Ӯ қайд кард, ки сафарбарии мутахассисон дар дигар лоиҳаҳо бо парвозҳои иловагӣ аз Чин пешбинӣ мешавад.
Ғайр аз ин, зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои ҷалби сармоягузориҳои мустақими Чин, афзоиши содироти сабзавоту меваи тару тоза аз Тоҷикистон ба бозорҳои ин кишвар ва бо назардошти пандемияи коронавирус сабуксозии уҳдадориҳои Тоҷикистон дар мавриди пардохти қарз таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Чтобы отблагодарить и приучить к чистоте: в Душанбе завершилась экологическая кампания #OzmuniSabz2024
ХАМАС подтвердил смерть главы военного крыла движения Мохаммеда Дейфа
Мужчина, напавший на муфтия Таджикистана, обвиняется в «экстремизме»
Эмомали Рахмон принял верительные грамоты новых послов 12 зарубежных стран
«Газпром нефть» попал под санкции. Чем рискует Таджикистан?
Международный Банк Таджикистана открыл новый центр банковского обслуживания в Душанбе
Система образования Таджикистана нуждается в более чем 4 тысячах педагогов
Глава Минэнерго Таджикистана обосновал заявление о достижении энергетической независимости пятью аргументами
Как возник многомилионный долг у «Таджик Эйр» и как его удалось сократить? Рассказывает гендиректор авиакомпании
«Почтаи точик» так и не отправляет письма и посылки в Россию. Что происходит?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста