Бонки осиёии рушд (БОР) баҳри татбиқи лоиҳаи рушди сайёҳӣ ба Тоҷикистон бар асоси кумаки бебозгашт (грант) 10 млн доллар ҷудо мекунад.
Тавре намояндагии доимии БОР дар Душанбе хабар медиҳад, қарордодҳо оид ба амалисозии лоиҳаи мазкур аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҶТ, Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ ((ЮНВТО) ва ду ташкилоти ҷамъиятии маҳаллӣ: Фонди коҳиши камбизоатӣ ва Маркази таҳлилии “Наво” имзо шудаанд.
“ЮНВТО ва ду ташкилоти ҷамъиятӣ ба Кумитаи рушди сайёҳӣ дар таҳияи нахустин ҳисоби ёридиҳандаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон, симои сайёҳии кишвар ва нақшаи рушди устувори ин соҳа кумак мекунанд”, - омадааст дар хабар.
Анҷоми корҳо оид ба қарордод дар давоми 12 моҳ пас аз оғози амалисозии лоиҳа дар назар аст.
Гуфта мешавад, пас аз пурра барқарор шудани фаъолияти сайёҳӣ дар кишвар баҳри ҷамъоварии маълумот дар бораи демография, интизориҳо, фаъолият, манбаъҳои иттилоот, сатҳи қаноатбахшӣ, сохтори хароҷот ва муносибати сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ба ин бахш таҳқиқот гузаронида мешавад. Маълумоти ҷамъоваришуда ба таҳкими омори бахши сайёҳӣ ва беҳтар муайян кардани саҳми ин соҳа ба рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
“Нақшаи пешниҳодшудаи рушди устувори сайёҳӣ ба тарҳрезӣ, бозорёбӣ (маркетинг) ва амалисозии лоиҳаҳо беҳбуд мебахшад, то ки Тоҷикистон ҳамчун самти ояндадори сайёҳӣ мавқеъгирӣ кунад”, - таъкид мешавад дар хабар.
Бонки осиёии рушд барои кумак ба Тоҷикистон дар рушди соҳаи сайёҳӣ бар асоси меъёрҳои байнулмилалӣ моҳи октябри соли 2019 Лоиҳаи рушди сайёҳиро маъқул донист. Дар лоиҳа интихоб ва омода кардани сандуқи лоиҳаҳои тайёр ба сармоягузорӣ дар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ тариқи баргузории арзёбии фанниву иқтисодӣ ва тарҳу ороишоти муфассал пешбинӣ шудааст. Ин лоиҳаи БОР нахустин дар бахши сайёҳии Тоҷикистон мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.