Масъалаи мазкур 19 август дар гуфтушуниди намояндаи савдои Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков бо муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шоиста Саидмуродзода ва сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Комил Мирзоалиев баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати саноат ва савдои Русия, зимни вохӯрӣ масъалаҳои аз ҷониби Тоҷикистон дастрас шудани технкаи роҳи оҳан, вагонҳои инноватсионии боркашу мусофирбар ва махсус, инчунин таҷҳизоту асбоби зарурӣ барои хизматрасонии онҳо, ки дар Русия истеҳсол шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
“Ғайр аз ин, ҷонибҳо ба масъалаи имкони пешниҳоди имтиёзоти иловагӣ ба роҳиоҳанчиёни тоҷик дар боркашонии маҳсулот ба Русия таваҷҷуҳ зоҳир намуданд”, - қайд мешавад дар хабар.
Ба гуфтаи Евгений Коренков, дастрасии Тоҷикистон ба маҳсулоти мошинсозии роҳи оҳани истеҳсоли Русия ҷиҳати роҳ ёфтан ба сатҳи нави ҳамкорӣ дар таҷдиди соҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон имкон фароҳам меоварад.
“Ин дар навбати худ, ба роҳандозии боркашонии содиротии мунтазами маҳсулоти Тоҷикистон ба бозорҳои кишварҳои минтақаи Осиё, ИДМ, аз ҷумла Русия имкон медиҳад”, - илова кардааст Коренков.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Какими заболеваниями мы будем болеть в 2025 году?
В Кыргызстане принят закон о реабилитации жертв политических репрессий
На трассе в Казахстане столкнулись около 100 автомобилей
Президента Южной Кореи не смогли арестовать из-за сопротивления службы безопасности
В Таджикистане провели первую эндоваскулярную операцию на головном мозге
В Таджикистане с 1 января подорожала аренда недвижимости
В России вступают в силу ограничения на получение РВП и ВНЖ по браку
В Афганистане мужчинам запретили брить бороды и стричься в «западном стиле»
Цены на золотые слитки Нацбанка Таджикистана в 2024 году взлетели почти на 26%
В Шугнане сошла лавина. КЧС предупреждает: до 5 января в Таджикистане лавиноопасно
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста