Давоми моҳҳои январ-июли соли равон тариқи ҳама навъи нақлиёти Тоҷикистон беш аз 46,4 млн тонна молу маҳсулот кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,1% камтар мебошад.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ 2,2% кам шуда, 42,9 млн тонна ва тариқи роҳи оҳан баръакс - 15,6% афзуда, қариб 3,6 млн тоннаро ташкил додааст.
Боркашонӣ тариқи роҳи ҳавоӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 42% коҳиш ёфта, ҳамагӣ ба 400 тонна баробар шудааст.
Дар ҳамин ҳол, нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2019 дар ин давра мусофиркашонӣ бо ҳама гуна навъҳои нақлиёт ба миқдори 9% кам шуда, ҳамагӣ ба 354 млн нафар мусофирон хизмат расонида шудааст.
Мусофиркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар муқоиса бо 7 моҳи соли гузашта ба андозаи 9%, нақлиёти роҳи оҳан - 21,5%, авиатсия (роҳи ҳавоӣ) - 61,9% ва нақлиёти барқӣ - 5,2% коҳиш ёфтааст.
Охири моҳи март дар робита ба пандемияи коронавирус Тоҷикистон алоқаи ҳавоиро ба ҳама самтҳо қатъ намуд. Инчунин равуо бо самтҳои заминии байнулмилалии мусофирбар низ боздошта шуд. Лекин боркашониҳои байнулмилалӣ бе ҳеҷ гуна маҳдудият амалӣ мешуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Маджидов и Шеров принесли Таджикистану две медали на турнире Большого шлема по дзюдо в Баку
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 17 февраля 2025 года
Почему в Таджикистане так популярны корейские кафе?
Душанбе заводской и фабричный в лицах
Какая молочка практически не производится в Таджикистане?
Пять стран, чьи граждане увеличили поток туристов в Таджикистан
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 16 февраля 2025 года
Из Таджикистана в Камбоджу: как долететь и что важно знать, собираясь в поездку
5 мифов о детских браках, или почему можно и нужно вмешиваться в вопросы традиций
Стало известно, когда таджикские спортсмены получат премию президента Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста