Ҳукумати Тоҷикистон уҳдадор шуд, ки ҳар семоҳа ҳисобот дар бораи хароҷот ба соҳаи тандурустӣ ва эҳтиёҷоти иҷтимоии марбут ба пандемияи коронавирусро нашр кунад, хабар дод роҳбари ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар Тоҷикистон Падамжа Ханделвал аз рӯйи натиҷаҳои сафари дуҳафтаина ба ҷумҳурӣ.

Ӯ қайд кард, ки дар буҷети бозбинишуда барои соли 2020 дар моҳи июн бо камшавии хароҷот ба самтҳои нисбатан камтари афзалиятнок барои соҳаи тандурустӣ ва эҳтиёҷоти иҷтимоӣ маблағгузории зиёдтар пешбинӣ шудааст.

Намояндаи ХБА изҳор доштааст, ки барномаи кумаки унвонии иҷтимоӣ бо дастгири шарикони байнулмилалӣ дар саросари кишвар васеътар карда шуд. Ӯҳамчунин пардохтҳои якдафъаинаи мавҷудаи иҷтимоиро ба хонаводаҳои осебпазир қайд кард.

Қобили зикр аст, ки Хазинаи байнулмилалии асъор аввали моҳи май ба Тоҷикистон ҷудо шудани 189,5 млн долларро тибқи механизми қарздиҳии тезонидашуда тасдиқ кард. Он ба қонеъ сохтани талаботи таъҷилӣ ба маблағгузории тавозуни пардохт ва эҳтиёҷоти буҷет марбут ба пандемияи коронавирус равона мешавад. Ин қарзи бефоиз ба муҳлати 10 сол бо 5 сол давраи имтиёзнок мебошад.

Дар Вазорати молия қайд мекунанд, ки маблағҳои дастрасшуда пеш аз ҳама барои иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат равона мегарданд.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои музокироти виртуалӣ ХБА ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дод, ки ду бонки мушкилдори кишвар - “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро барҳам диҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.