Сиёсатшиноси қазоқ Марат Шибутов дар мусоҳиба ба хабаргузории «REGNUM» бобати дурамои минбаъд васеъ шудани Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ҳамчун шарик дар ин Иттиҳод “умуман лоиқи баррасӣ нест”.
“Ҳозир пайвастани Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ИИАО маъние надорад. Дар онҳо минтақаи савдои озод бо ИДМ амал мекунад. Ҳамон бозори озоди кор бо сабаби маҳдудиятҳои карантинӣ кор намекунад, ки маҳз ҳамин омил барои одамони одӣ муҳим буда, зуд самараи хуб медод”, - гуфтааст сиёсатшинос.
Дар робита ба сармоягузории Қазоқистон ба ин кишварҳо ӯ қайд кардааст, ки “ба Ӯзбекистон бе ин ҳам он анҷом мегирад, лекин дар Тоҷикистон ҳеҷ ҷойи сармоягузорӣ вуҷуд надорад”.
Шибутов бар ин назар аст, ки аз ҳама имконпазиртар он аст, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ИИАО ба сифати нозирон шомил шаванд.
“Лекин то замоне, ки минтақаи савдои озод бо ИДМ вуҷуд дорад, онҳо намехоҳанд, ки ба ИИАО пайваста, боз уҳдадориҳои зиёдеро ба дӯш бигиранд”, - иброз доштааст номбурда.
Сиёсатшинос ҳамчунин илова кардааст, ки “Тоҷикистон ҳамчун шарик дар ИИАО умуман лоиқи баррасӣ нест”.
Дар гузориши Маркази таҳқиқоти ҳамгиройии Бонки авруосиёии рушд таҳти унвони “Суди имконпазир ва зиёни Тоҷикистон аз узвият дар ИИАО” омода набудани заминаи ҳуқуқӣ ва мушкилоти иқтисодӣ дар кишвар аз ҷумлаи монеъаҳои асосӣ барои ба ИИАО пайвастани Тоҷикистон унвон шуда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.